Аз дастгирӣ ва таваҷӯҳатон минатдорем

0
100

изҳори минатдории сокинони ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ ба мардуми кишвар  

Шоми 23-юми марти соли 2023 соати 1:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Мутаасифона дар ин заминларза чанде аз деҳаҳои ҳудуди ҷамоати Лангар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷумла деҳаҳои Ярм, Палдорак, Пакшиф, Дашти миёна ва Деҳманора осеб диданд

 Боиси хушнудист, ки аз ин офати табии ҳисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда чанде аз  оғилхона ва қисман хонаҳои истиқоматӣ зарар дидаанд. Субҳи рӯзи 23 уми март дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Коммисияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза таъсис дода шуд. Ва субҳи ҳамон рӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  ба  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  сафар карда, аз натиҷаи хисороти офати табиӣ шинос шуда бо мардум  суҳбат намуданд. Мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар ин лаҳзаҳои мушкили зиндагиашон аз аввалинҳо шуда иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои онҳо расонида шуд хело руҳбаланд гашта худро танҳо эҳсос накарданд. Ва сипосу шукргузории хешро ба Ҳукмати мамлакат ибрз дошӣанд. Маҳз ҳамин сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат буд, ки аз рӯзи ба амал омадани заминҷунбӣ дар ин минтақа ҳамарӯза намояндагон аз Ҳукумати кишвар ва вилояти Сӯғд инчунин аз тамоми қаламрави кишвар ба ин макони офатзада омада дар паҳлуи ин мардум истода барои барқарор кардани зарари заминларза камари ҳиммат баста истодаанд. Ва аз ҳар гӯшаву канори кишвар баҳри дастгирии сокинони ноҳия кӯмаки худро расонида истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ минатдории худро шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд ва тамоми нафароне,ки барои дастгирии мардуми офатзада кӯмаки худро дареғ надошта дар ин лаҳзаҳои ҳасос дар паҳлуи мардуми ноҳия буданд вапайваста даст ёрӣ дароз намуда истодаанд изҳори минатдори хешро мерасонад.