ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҲАМЕША ДАСТГИРУ ҒАМХОРИ ШАХСОНИ НИЁЗМАНД ВА МАЪЮБОН МЕБОШАД.
Аёдату ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон, ниёзмандон ва собиқадорони меҳнатдар арафаи ҷашнҳои сунативу санаҳои таърихӣ яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи башардӯсти буда, эҳтироми калонсолон ва қадршиносии хизматҳои онҳо қарзи инсонии ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. Аз даврони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то ба имрӯз бо ташаббус ва ҳидоятҳои инсондӯстона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба қишри ниёзманди ҷомеа, собиқадорони меҳнат ва шахсони рӯзгордида бештар гардида, дар ин замина дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пайваста барои қадршиносии хизматҳои арзандаи ин қишри ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида дар арафаи ҳар иду айём ва санаҳои таърихӣ шахсони ниёзманду маъюб ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар рӯзи таҷлили Иди саиди Қурбон тибқи нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бо иштироки муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова оилаҳои ниёзманд ва шахсони маъюб, ки дар ҳудуди ноҳия зиндагӣ мекунанд аёдат карда шуда бо онҳо маводи хӯрока ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дасгирии шахсони барҷомондаву ниёзманд ва маъюбон ҳамеша дар мадди назари раиси ноҳия Хайрулло Бобозода қарор дошта ин иқдом пайваста идома дода мешавад.


