ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Санаи 1-уми июни соли 2026 дар Муассисаи таълими рақами 36, шаҳраки Меҳрон ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн дар саросари олам бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, чорабини идона доир гардид.

Нахуст муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова паёми табрикотии Раиси ноҳия Бобозода Хайруллоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба иштирокчиёни чорабинӣ баён намуда таъкид кард, ки “Ҳадаф аз таҷлили ин ҷашн пеш аз ҳама, ҷалби аҳли башар баҳри ҳалли муаммоҳои кӯдакон, ғамхори нисбати онҳо муҳайё намудани шароити мувофиқи зиндагӣ мебошад. Ҳамчунин таъкид кард, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу амони ҳукмфармост ва барои тарбияи насли наврас тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва дар ин росто вазифаи кудакону наврасон хондану тарбия хуб гирифтан мебошад

Зикр карда шуд, ки воқеан ба таъбири ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъул мебошанд. Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст”.

Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ба ҳимояи пайвастаи ҳуқуқҳои кӯдакони саодатманди мо мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар ин рӯзи идона ба кудакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд ва маъюб аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дасторхони идона ороста шуда ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба 6 нафар кӯдакони дорои маъюбиятдошта аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии тавонбахшии маъюбон «Азиз дармон» тақдим карда шуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ омода шуда буд ва фарогири шеъру таронаҳои дилнишин дар васфи Тоҷкистон, Ватан, дӯстӣ, меҳри волидайн ва дигар мавзӯъҳо буд ба ҷамъомад шукуҳи тоза бахшид.

Паёми Кӯҳистон

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *