ОФАТИ ТАБИИ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ҲИСОРОТ ОВАРД.

Шаби 4-уми июни соли 2026 дар натиҷаи боришоти пуршиддати борон дар деҳаи Мадрушкати ҷамоати деҳоти Лангар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ омадани сел рух дод, ки дар натиҷаи ин офати табии роҳи маркази ва роҳҳои маҳаллӣ зарар дида роҳ пурра баста гардидааст.

Дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ субҳи имрӯз ҳамаи сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Муасисаи нигоҳдории роҳҳо, бахши ситоди Кӯмитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия ва мардуми маҳал саривақт корбарӣ намуда ситоди бартарафсозии офати табии ташкил карда шуда барои саривақт бартаф намудани офати табии тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.

Тибқи маълумотҳо офати табии, ки аз санаи 1уми июн то ҳол идома ёфта истодааст дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ асосан ба роҳҳо зарари бештар оварда қисме аз заминҳои кишоварзӣ ва биноҳои ёрирасон хисорот диданд.

Айни замон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кормандон МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида роҳро барои рафтуомад боз намуданда истодаанд.

Мақомоти иҷроияи давлатӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои саривақт бартараф намудани офати табии ва дастгирии аҳолӣ тадбирҳои саривақтиро пайваста ба роҳ монда дар ноҳия бо сарварии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ситоди шабонарӯзи ташкил карда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *