Корупсия омили монеи рушд ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ

0
102

Бо ташаббуси Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2004 инҷониб 9 декабр ҳамасола дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия таҷлил мегардад, зеро дар ин рӯзи соли 2003 дар шаҳри Меридаи Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии «Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия» баргузор гардид.  Конвенсияи мазкур аз чониби 140 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон пазируфта шуд. Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия Конвенсияи болозикрро 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонид ва 16 апрели соли 2008 тасдиқ намуд.

Дар равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст. Ҳарчанд аҳли ҷомеа бар зидди ин амалҳои ғайриқонунӣ доимо дар мубориза омода бошад ҳам, то ба ҳол, чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф, коррупсия арзи ҳастӣ дорад.

Коррупсия таърихи хело ҳам қадима дошта, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, оромиву суботро халалдор менамояд, ки аз ин зуҳурот боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ коста мегардонад.

Албатта фасод ё худ коррупсия ба унвонии вабои аср шинохта шуда, зуњури он дар њар шакл боиси заиф шудани механизмњои давлатдорї ва низоми зиндагии инсонї мегардад. Муќовимат ба ин зуњуроти зиддиарзишї вазифаи на танњо маќомоти дахлдори давлатї, балки рисолати шањрвандї ва инсонии њар сокини солимаќли ин марзу бум мањсуб меёбад.

Хавфнокии коррупсия дар он зоњир мегардад, ки он устувории ахлоќи љомеаро коста гардонида, њамчун зуњуроти иљтимої ба тамоми љанбањои њаёти љамъиятї таъсири манфии худро мерасонад. То имрўз ба њељ як давлати дунё муяссар нагаштааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад.

Дар ҷаҳони имрӯза дар санадҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешавад, ки нисбатан серистеъмолашон дар айни замон чунин таърифи пешниҳодкардаи Конгресси нӯҳуми СММ мебошад.   «Коррупсия-сўиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст».

Проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро, он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрую нуфузи давлат ва низоми сулҳу субот таъсири манфї расонида, рукнњои давлатрориро коста мегардонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз  Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тољикистон ќайд намудаанд, ки “Яке аз хатарњои асосии љомеа, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷањонї таъсири манфї мерасонад, коррупсия мебошад».

Мақомоти бо коррупсия олудагашта ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада шароит фароҳам меоварад, дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳифзи њуќуќ ташаккул ёфта, оќибат ба косташавии минбаъдаи ќонуният ва тартиботи њуќуќї оварда мерасонад.

Мубориза бар зидди коррупсия дар мењвари сиёсати давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон њамеша яке аз масъалаҳои асосї буда, вобаста ба такмили ќонунгузорї дар ин самт иќдомоти зиёде роњандозї гардидааст. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Њамзамон, дар давраи Истиќлолияти давлатї се Стратегияи миллии муќовимат бо коррупсия ќабул карда шуд, ки дар онњо чорањои маљмўии хусусияти ташкиливу њуќуќї, иќтисодиву иљтимої ва маърифативу фарњангї вобаста ба муқовимат ба коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Мавҷудияти ҳамин санадҳо ва дар доираи он амалї намудани чорабинињои махсус доир ба мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро тањким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷањонї гардидааст.

Ташкилоти бонуфузтарини байналмилалї — Созмони Милали Муттањид, њамеша атрофи масъалаи мазкур чорабиниҳои муфид тарҳрезӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш менамояд.

Њамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд.

Ҷумњурии Тоҷикистон њамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷањонии муќовимат ба коррупсия “Конвенсияи Созмони Милали Муттањид зидди коррупсия”-ро 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ (ратификатсия) намуд. Дар ин бобат меъёрҳои қонунгузории кишвар ба талаботи Конвенсияи зикршуда мутобиқ гардонида шуда, дар ин замина чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ қабул гардиданд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботи моддаи 6 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки ба масъалаи таъсиси мақомот оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ бахшида шудааст, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон њамчун маќомоти ваколатдори назорати давлатии молиявї истифодаи самарабахши маблаѓњои давлатї ва молу мулки давлатиро барои таъмини амнияти иќтисодии кишвар бо роњи огоњсозї, пешгирї, ошкорсозї, бартараф намудани њуќуќвайронкунињои коррупсионї, тањќиќ ва тафтиши пешакии ҷиноятњои коррупсионї, иќтисодии хусусияти коррупсионидошта ва љиноятњои ба андоз алоќаманд амалї гардонида, инчунин иљрои дигар вазифањои бо ќонунгузорї муќарраршударо таъмин менамояд.

Дар баробари ташаккули заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таъсиси мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия дар кишвар баҳри пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи хатарзою фалаҷкунандаи давлату ҷомеа бо ибтикори Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон  мутобиќ ба меъёрњои байналмилалї як ќатор ислоњоти  њуќуќї дар самти танзими ќонунгузорї ба роњ монда шуд.

Аз љумла, Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон”, Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи  муќовимат ба коррупсия”, Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадњои меъёрии њуќуќї ва лоињањои санадњои меъёри њуќуќї” ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї ќабул гарида дар баробари ин як зумра барномањои давлатї аз ќабили  “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардиданд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозии стратегияҳо барои солҳои 2008-2012 ва 2013-2020 ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Чорабиниҳои дар стратегияҳо зикргардида ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқоти илмию амалияи муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтаанд.

Маврид ба зикр аст, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо ба монанди дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.

Аз ин рӯ, аз љомеаи шањрвандї даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар роњи муқовимат ба коррупсия дар якҷоягӣ бо истифода аз маҷмӯи тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб фаъолият ва корбарӣ намуда, дар паст намудани шиддати коррупсия сањмгузор бошанд.

Назарзода Д.Ш. Нозири калон оиди муќовимат ба коррупсияи Шуъбаи минтаќавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон, капитани адлия