АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ БАРҲАЗАР БОШЕД!

0
19

Санаи 21-ноябри соли 2022 Сардори шӯъбаи ҷиноятҳои муташаккил дар водии Зарафшон подполковник Боқизода Элёр дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо фаъолон оид ба масъалаҳои терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср вохӯри доир намуд.

Дар ин дидор Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолон иштирок доштанд. Нахуст Боқизода Элёр ба сухан баромада доир ба мафҳумҳои экстремизм ва терроризм, инчунин ҳадафу маромҳои ин падидаҳои номатлуб муфассал ҳарф зад. Номбурда зимни суханронӣ гуфт терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои номатлуб дар замони имрӯза ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, ҳадафу мароми ин падидаҳои номатлуб ноором сохтани вазъи ин ё он кишвар, барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажоди мебошад. Вазъи ҷаҳони имрӯз ба хусус вазъи кишвари ба мо ҳамҷавор Афғонистон ба ҳамаи мо баръало намудор аст. Ӯ гуфт мо бояд дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин омилҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ намоем. Ба хусус ба ҷавонон ва шаҳрвандони мо, ки дар хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд доимо дар алоқа шуда ва оиди нагаравидан ба чунин омилҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ намоем. Ҷаҳонии имрӯз дар арсаи тарақиёти технологияи иттилоотӣ қарор дорад. Мо бояд рафти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавононро низ назорат кунем. Зеро бадхоҳони миллат ва пайравони ингуна омилҳои номатлуб метавонанд тариқи интернет ҷавононро ба гумроҳи кашанд. Инчунин дар идомаи сӯҳбаташ оиди мавқеъи Тоҷикистон дар масири мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои иҷтимоӣ ҳарф зада инчунин қарору қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мубориза алайҳи падидаҳои номатлуб ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар қаламрави кишвар муфассал баён кард. Сипос миёни иштирокчиёни вохӯри ва Сардори шӯъбаи ҷиноятҳои муташаккил дар водии Зарафшон подполковник Боқизода Элёр суҳбати ошкоро ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар охир Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло суханронӣ намуда  доир ба пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар мамлакат, падидаҳои номатлуб, инчунин оиди тарбияи насли наврас дар руҳия ватандӯстӣ, пешгири ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои иҷтимоӣ, пос доштани арзишҳои миллату давлати хеш, расидан ба қадри сулҳу суботи сиёсӣ зери Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва фаъолон дастуру супоришҳои мушаххас дод.                                                                                                                                                                                             Саидвоҳиди Қосим