Иҷлосияи сарнавиштсоз

0
19

Имсол миллати куҳанбунёди мо ҷашни муҳими сиёсӣ ва миллӣ 30- солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор қайд мекунад. Зеро Иҷлосия аввалин иқдоми наҷотбахш дар барқарор гардонидани сохти конститутсионӣ ва гузоштани пояи асосӣ ба Истиқлолияти давлатӣ буд. Иҷлосияи 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик ба ҳайси Иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз сабт гардидааст. Чунин номгузорӣ шудани   Иҷлосияи мазкур бесабаб нест. Он дар марҳалаи ҳассоси таърихи Ватан, дар рӯзҳое, ки ҳастии миллати бостонии мо дар маърази хатар қарор дошт, даъват гардид. Барпо гардидани Иҷлосия дар он марҳалаи тақдирсоз худ пирӯзии хирад ва асолати миллӣ маҳсуб мешавад.Вакилони мардумӣ бо дарки олии масъулияти  худ дар баробари халқу Ватан аз манфиатҳои шахсиву маҳаллӣ ва минтақавӣ  сарфи назар намуда, манфиатҳои умумимиллиро ба мадди аввал гузоштанд. Аз ин лиҳоз, Иҷлосияи 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона қувваи сиёсӣ гардид, ки дар он даврони буҳронӣ масъулияти наҷоти давлату миллатро аз вартаи ҳалокат  ба дӯши худ гирифт. Қарорҳои таърихие, ки Иҷлосия қабул кард, ба истиқрори Ҳукумати қонунӣ дар ҷумҳурӣ,эътидоли вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ замина гузошт.

Ба ибораи дигар, Иҷлосияи 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии барномаи наҷоти кишварро таъйин кард, ба худсӯзии миллӣ хотима гузошт ва ба марҳалаи худсозии миллӣ ощоз бахшид. Ягона сохтори давлатие, ки дар чунин шароити душвор паркандагии мамлакатро боз дошт, ин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар чунин шароит даъвати Иҷлосияи 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дарки зарурати ҳалли бетаъхири масъалаи муътадил сохтани вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ шаҳодат медод. Яке аз дастовардҳои муҳими Иҷлосия интихоби роҳбарияти нави сиёсии кишвар буд. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баровардани мамлакатро ба миён гузоштанд ва таърих собит сохт, ки роҳ ягона роҳи дуруст ва созанда будааст. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ нишон дод, ки мо истиқлоли сиёси ва якпорчагии ҷумҳуриамонро ҳифз намуда, дар як муддати кӯтоҳ ба як қатор муваффақиятҳо ноил шавем.Аз тарафи аксарияти кулли кишварҳои дунё ба расмият шинохта шудани Тоҷикистон, барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо бештари ин давлатҳо, узвият дар Созмони Милали Мутаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла, ширкати фаъолона дар ҳайати Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сесияҳои Созмони Милали Муттаҳид ба давраи нави инкишофи дипломатияи тоҷик асос гузоштанд. Бори нахуст Сарвари давлати тоҷикон аз баландтарин минбари дунё Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, халқи тоҷик ва тоҷикистониёнро ба оламиён муаррифӣ намуданд ва онҳоро аз марому мақсади ин кишвари соҳибихтиёр воқиф гардониданд.Аҳмияти таърихии Иҷлосияи 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст,ки маҳз ҳамин мақом бо Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дӯш гирифта,пеши роҳи хатари нобудии онро бартараф намуд.Мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт,Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадиро таъсис дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд,заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, пойдевори устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонида, Контитутсияи Тоҷикистонро эҷод кард. Вақте дар бораи аҳмияти байналмилалии Иҷлосияи 16-умин Шӯрои Олӣ сухан меравад, ҳаминро дар назар бояд дошт, ки  таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи нодире шинохта шудааст, ки барои ба ифоқа овардани тарафҳои даргир дар нуқтаҳои гуногуни дунё корбаст шуда метавонанд. Ин амр аз тарафи бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ-Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва беҳтарин коршиносони байналмилалӣ эътироф гардидааст.Аз он рӯзҳои душвор Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ зимоми давлатдориро ба дасти Эмомалӣ Раҳмон супурд.Агар имрӯз дурусттар дарк намоем,рушду пешрафт, ободонию созандагӣ ва обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зич дорад. Сарвари давлат ба ваъдаи худ вафо карданд: ба мардум сулҳу ваҳдат оварданд, Истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистонро таъмин намуданд.

Дастагули Иҷлосия

Шаб гузашту як саҳар,

Хуш хабар омад ногаҳ.

Аз қасри арбоби Хуҷанд,

Бар душманони дилсиёҳ.

Як зарбае бар онҳо ,

Як хуш хабар аз баҳри мо.

Бобоҷонзода  Қудратуллоҳ истиқоматкунандаи деҳаи Эсизи поён