МИЛИТСИЯ ҲОМИИ ҶОМЕА

0
16

Номаи шодбошии  Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

    Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор ҳамаи Шумо кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда мегузоред, бо иди касбиатон – Рӯзи милитсияи Тоҷик табрику таҳният гуфта, ба Шумо тани сиҳат, хонаи обод, ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ ва дар фаъолияти душвору пуршарафатон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд.

Аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демократию ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобастагӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, сохтори мақомоти корҳои дохили фаъолияташро дар асоси ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои ҷомеаву давлат, мубориза алайҳи ҷинояткориву қонуншиканиҳо, ошкорсозиву баррасии онҳо, муборизаи қатъӣ бар зидди ҷиноятҳои хатарноки муосир муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ равона намуда омада истодааст.

Паёмади ҳамин саъю талошҳои шабонарӯзии ҳар яки Шумост, ки дар ноҳия сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату якпорчагии миллӣ, руҳияи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳукмфармост.

Таърихи милитсияи тоҷик мисоли равшани кӯшишу талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҳифзи амнияту осудагии мардум, пойдории сулҳу суботи кишвар, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа мебошад.

Кормандони милитсия дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон санҷишҳои талхи таърихиро паси сар намуда, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузошта, борҳо исбот намудаанд, ки барои онҳо арзишҳои Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат волою муқаддасанд.

Дар роҳи мубориза бар зидди гурӯҳҳои силоҳбадаст ва хиёнаткору ҷиноятпеша душманони халқу давлат даҳҳо нафар қурбон шуданд.

Баҳри барқарорсозӣ, мустаҳкам намудани сохти констутсионӣ ва пояҳои давлатдории демократии имрӯза ҷон нисор намуданд, ки номи неки онҳо дар хотири мардум абадӣ нақш бастааст.

Шуҷоату далерии ҳар яки ин родмардон дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва устувор гардонидани суботу осоиш ва оромии ҷомеа намунаи олии садоқату матонат нисбат ба давлату миллат ва Ватан арзёбӣ мегардад.

Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии шумо-кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипозгузор аст ва Ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории Шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад».

Хушбахт аз он ҳастем, ки собиқадорони милитсия дар сафи пеши дигаргунсозиҳои ҷомеа қарор доранд ва дидаи бедору дили беқарори худро ба тарбияи шогирдон мебахшанд. Мо бояд ин мавқеъро қадр намоем ва бо онҳо бошем. Имрӯз бар души кормандони милитсия вазифаи басо пурмасъулият — муборизаи беамон алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуби ҳаёти чомеа, ҳифзи моликияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ, риояи тартибот ва таъмини волоияти қонун гузошта шудааст.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди таҳдидҳои глобалӣ – терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддир, аҳамияти хоса пайдо кардааст. Мутаасифона кишвари мо низ аз таҳдиди ин хатарҳо дар канор нест.

Кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба касбу кори худ содиқу вафодор буда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандонро аз ҳар гуна манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ аълотару авлотар медонанд.

Онҳо доим дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қарор доранд. Бояд ҳамеша чунин бошад, зеро мардум дар симои Шумо ҳимоятгарони худро мебинанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирии сохторҳоеро, ки оромии мардум ва амнияти кишварро таъмин менамоянд, самти афзалиятноки фаъолияти худ медонад. Дар ин ҷода ғамхорӣ нисбати кормандони мақомот, ки ҳамеша бо мардум ва дар ҳифзи манфиатҳои халқу давлат ҳастанд, аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Мо тасмим гирифтаем ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои кормандони милитсия ва беҳбудии ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.

Дар иҷрои босифат ва софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як корманди милитсия дар назди давлат ва миллати худ бояд масъулияти олиро эҳсос намояд.

Итминони комил дорам, ки Шумо бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат иҷрои вазифаҳои худро сарбаландона адо менамоед.

Дар охир бори дигар ҳамаи Шуморо бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва мардум саломатӣ, азму иродаи қавӣ, ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ ва барору комёбиҳои беназирро  орзу менамоям.

Саломату сарбаланд ва хонаобод бошед.