Ҷонфидои мардум

0
18

 Равиши зиндагии инсонҳо тобишҳои гуногунранг дорад. Яке бо худ ва барои худ зиндагӣ мекунад. Дигаре бо ҳамроҳон, дар байни мардумон зиндагӣ карданро барои худ интихоб менамоянд ва ин ашхос, хушбахтарин инсонҳо мебошанд. Чунки танҳо халқ метавонад, ки шодишарику ғамшарики ҳар як инсон бошад ва ӯро то роҳи охират бурда расонад.

Шодравон Абдулло Фозил аз зумраи шахсиятҳое буд, ки худро бештари вақт дар байни мардум медид. Талоше барои фоидаи шахсиаш намекард. Талошгаронро ҳидоят менамуд, ки халқи худоро эҳтиром кунанд, барои мардум хизмати софдилона кунанду обруманд гарданд.  Ӯ марди роҳ буд, гоҳе савораю гоҳе пиёда сафар мекард, то бо одамон аз наздик ҳамсӯҳбат шавад.  Бо мардумон зиста, барои шукуфоии Ватану миллати хеш тазодҳо эҷод менамуд. Бо суруру дарди мардум бархурдорӣ мекард. Дар лаҳзаҳои танҳои андешаҳояшро барои ислоҳи мушкилотҳои зиндагии мардум равона месохт. Ифтихор аз миллату ҳамватанони баномусаш мекард.

Абдуллои Фозилро агар фидоии маориф гӯем хато намекунем, зеро бештари лаҳзаҳои умрашро барои тарбияи кӯдакону волидони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшидааст. Ӯ аз давраи мактабхонӣ сар карда то охирон лаҳзаҳои умр дар паи омӯзиш буд. Дониши гирифтаашро ба шогирдону волидони онҳо меомӯзонид. Хизмати софдилонааш ҳамчун омӯзгор, роҳбари мактаб ва баъдан чун мушовири шӯъбаи маориф, барои рушду нумӯъи  маорифи ноҳияҳои Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ  хеле назаррас мебошад. Вай деҳа ба деҳаҳои кӯҳистон гашта, барои ҳалли мушкилотҳои соҳаи маориф маслиҳатҳои судманд медод. Дар омода намудани мутахассисон барои ноҳияи навташкили Кӯҳистони Мастчоҳ саҳми босазое гузоштааст. Барои интихоби дурусти касб ба ҷавонон кӯмак мерасонид. Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф бо унвони ифтихории Аълочии маорифи Тоҷикистон сарфароз гаштааст.

Дар баробари кори омӯзгори ӯ ҳамчун рӯзноманигори соҳибкасб баҳри ривоҷи матбуот дар Кӯҳистони Мастчоҳ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Баъди таъин шуданаш ҳамчун сармуҳарири нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ — «Паёми Кӯҳистон», ин рӯзномаро хонданибоб гардонид. Дар ҳамон давра навиштаҷотҳои ин рӯзнома мувофиқ ба бархурди ҷомеа буда баҳри ҳалли мушкилотҳои мардум равона сохта шуда буданд.  Бо нигоришҳои амиқу таҳлилиаш, мутасадиёни соҳаҳои гунонунро баҳри ободии ин макону ин Ватани азизамон «кор» мефармуд. Чун рӯзноманигор рисолати касбиашро далерона ба ҷо меовард. Дар радифи пешравиҳо ӯ мушкилотҳоро муайян намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамуд ва масъулинро барои ислоҳи камбудиҳо водор месохт. Дар равиши зиндагӣ ҳамеша каҷравон аз ростию росткорон дар ҳаросанд. Аз навиштаҷотҳои Абдулло Фозил беҳунарону пастҳиматон, манфиатҷӯён ва онҳое, ки ҳисси миллиашон дар дараҷаи паст қарор дошт, ҳамеша дар ҳарос буданд, чунки вуҷуди ин гуна ашхос чун дарахти урёни бесоя аст ва онҳо тавони кору ислоҳи камбудиҳоро надоштанд.  Ҳамчун узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои тарбияи рӯзноманигорони ҷавон дар Кӯҳистони Мастчоҳ хизмати зиёде кардааст. Вай мактаби рӯзноманигории худро дошт ва ба тарбияи рӯзноманигорони навэҷод аҳамияти махсус медод. Аз ин мактаб Фитрати Ҳикмат, Шодиев Саидмаҳмад, Шарифи Шарифзод, Шоев Абдуфарҳод, Саидвоҳиди Қосим, Низомат  Шарифова, Файзихоҷаи Ниёзбоқи, Ғозибеки Авазиён  баҳраманд гашта, ба дараҷаи рӯзноманигорони касбӣ расиданд.

Абдуллои Фозил чун эҷодкор ва аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баҳри тарбияи аҳли эҷод– шоиру нависандагону рӯзноманигорони ҷавон, омӯзгорону аҳли санъат доимо кӯмак мерасонид. Ӯ озодандеширо дӯст медошт ва доимо аҳли эҷодро даъват менамуд, ки озодандеш бошанд, вагарна эҷоди онҳо бемаҳсул боқи хоҳад монд.  Ӯ худ эҷод менамуд ва ба аҳли қалам кӯмак мерасонид. Маҳсули эҷодиёташ ба намуди китобҳои алоҳида бо номи      «Умре бо халқ», «Пайки умед», «Аз ёдҳо бунёдҳо» , «Рӯзҳоро ба қафо гардонда», «Кафсанҷ», «Шикасти армон», «Санги зӯр», «Ба ёди сарнавишт», «Дидадаро», «Кӯҳандиёро диёри ёро» чоп гаштаанд.  Аҳли эҷоди ноҳияҳои Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳро сарҷамъ намуда маҳфилҳо меорост ва ҳамчун маорифпарвар  барои ташаккули эҷодии насли наврас кӯмаки  амали мерасонид. Аъзоёни маҳфили эҷодкорони Зарафшон, ки А.Фозил аъзои он буд хеле пурмаҳсул фаъолият намуда эҷодкори менамуданд. Имрӯз аз байни онҳо Мирзоҳайдари Умарзод, Устофайзуллои Холмуҳаммад, Шарифзода Мирзошариф, Мирзо Давлатзода, Мирзо Ҳасанзода, Мирзоюнуси Одил ва дигарон маҷмуаи эҷодашонро рӯи чоп овардаанд ва соҳибкитоб мебошанд.

Амалу хаёлоти А. Фозил танҳо барои худ набуд. Ҳамчун сиёсатмадор барои ватану миллат ҳарф мезад, чун ватандор баҳри ободию рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол кору эҷод менамуд. То охирин лаҳзаҳои зиндагӣ бо мардум ва дар байни мардум рисолати инсонию милии худро иҷро намуда буд.

Раҳмон Қозиев   Узви ИҶТ