ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР КӮҲИСТОН

0
22

Санаи 9-уми сентябри соли 2022 дар шаҳраки Меҳрон маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ифтихори 31 умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинии идона Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Давлаталӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд, Раиси кумитаи идораи замин ва геодезӣ дар вилоят Толибзода Тоҳирҷон ва сокинони касбу кори гуногун дар ноҳия иштирок доштанд. Чорабини бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта нахуст Раиси ноҳия ба сухан баромада кули сокинони ноҳияро ба истиқболи 31 умин согарди Истиқлолият Табрик намуд. Аснои сухани табрикӣ таъкид кард ки — Сию як сол муқаддам дар кишвари азизу маҳбуби мо руйдоди таърихие ба вуқуъ омад,ки он дар тақдири мардуми сарзамини куҳанбунёд ва аҷдодии мо таҳаввулоти куллӣ ва бунёдӣ ба вуҷуд овард. Нуҳуми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон боз як давлати ҷавон –Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр арзи ҳасти намуд, ки ин руйдоди таърихӣ башорати оғози марҳилаи наву тоза дар ҳаёти миллати тоҷик гардид.

Истиқлолият неъмати бебаҳои таърих буда, он бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарафманди тоҷик ба даст омада ҳар яки моро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳо моҳирона истифода бурда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Сипас намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Давлаталӣ Паёми табрикотии Ҳукумати мамлакатро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 31 солагии Истиқлоли давлатӣ расонида таъкид кард,ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ ва дар тамоми гӯшаву канори мамалакати азизамон Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба чашм мерасад ва яке аз ин дастовардҳо таъсиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 1996 ҳамчун ноҳия дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис дода шуд.

Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд, Толибзода Тоҳирҷон номаи табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Ҳамчунин дар ҷараёни чорабинӣ ба як қатор намояндагони фаъоли соҳаҳои гуногуни, инчунин ба кормандони соҳаи маорифи ноҳия барои саҳми арзандаашон дар пешрафту ободонии ноҳия бахшида ба 31 умин солгарди Истиқлоли кишвар аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтихорномаҳо тақдим гардид. Ҳамчуниндар қисмати фарҳангии чорабинӣ, ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Азизова ва ҳунарманди шинохта аълочии фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Раҷабзод иштирок намуда бо иҷрои суруду таронаҳои ҷолиби хеш ҷашнвораро гуворою хотирмон намуданд.