Истеҳсоли барзиёди кишти картошка дар ноҳия

0
11

Санаи 18-уми июли соли 2022 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нишасти матбуоти доир шуд. Зимни нишасти хабарӣ Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ муфассал ҳисобот дод.

Аз ҷумла таъкид шуд, ки -Бо мақсади сазовор истиқбол намудани яке аз ҷашнҳои муҳими таърихии миллати тоҷик яъне 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар дар ноҳия сохтмони 115-иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбирҳои созандагӣ дар асоси амру дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша-чорабиниҳо баҳри сазовор истиқбол намудани 35-солагии Итиқлоли давлати рӯи даст гирифта шудааст ва марҳила ба марҳила то арафаи ҷашни муқаддасӣ миллӣ ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамчунин гуфта шуд ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба хусус картошка дар бозори кишвар мавқеи хос дошта ҳамасола меҳнаткашони ноҳия дар парваришу истеҳсоли картошка саҳми арзанда мегузоранд. Имсол тибқи дурнамо бояд дар майдони 2851 га кишти картошка ба роҳ монда мешуд. Кишоварзон ва аҳли заҳмати ноҳия аз рӯи нақшаи дурнамо ҷиддан корбарӣ намуда, бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат онро барзиёд ва дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2927 га кишти картошка ба роҳ мондаанд. Нашъу намои картошка хуб буда, умед аст, ки деҳқонон имсол ҳосили фаровон ба даст меоранд иттилоъ дод Раиси ноҳия дар нишасти матбуотӣ. Ҳамчунин оиди нақшаю тадбирҳо оид рушди саноат, оиди соҳаҳои маориф тандурустӣ ва дигар соҳаҳои муҳим изҳор назар карда шуд.

Сипас Рӯзноманигорон суолҳои мавриди назари хешро матраҳ намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

«Паёми Кӯҳистон»