Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати Иди саиди Қурбон

0
1

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди сунатии мардуми мусалмони мо мебошад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатию умри бардавом, хонаи обод, дастархони пурфайзу баракат ва оромию осоиши рӯзгорро орзу менамоям.

Маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки сокинони кишвари азизу маҳбубамон расму оин ва ҷашну идҳои таърихии миллӣ ва динии худро озодона истиқбол менамоянд. Иди саиди Қурбон бисёр унсурҳои неки инсондӯстона дорад, ки шахси мусулмон бо анҷом додани онҳо метавонад соҳиби аҷру савоби зиёд гардад. Дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон ва хайру эҳсон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони бемор аз ҷумлаи суннату фазилатҳои хоси иди Қурбон мебошанд.

Дар ин маврид Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз ҳикматҳои муҳимтарини ин анъанаи неки динӣ иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кӯмак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст».

Яке аз унсурҳои иди Қурбон, анҷом додани маросими қурбонӣ ба ҳисоб меравад. Мову Шумо дар хотир дошта бошем, ки қурбонӣ дар дини ислом як рукни истисноӣ буда, анҷом додани он аз қудрату тавоноии ҳар як шахс вобаста мебошад.

Инчунин ҳангоми баргузории маросиму идҳои миллӣ мо бояд бо таассуб, хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳем, ҳикмати созандагиву ободкорӣ, раҳму шавқат, ҳамдигар фаҳмиву меҳрубонӣ ва кӯмак ба мӯҳтоҷону камбизоатҳоро  аз хотир  набарорем. Неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне Истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва нагузорем, ки нохалафон ба диёру ватани орому осӯдаамон халал ворид намоянд. Падару модарон, омӯзгорон, аҳли зиё ва ҳар як фарди ватандӯсту солимфикр вазифадоранд, ки гароиши наврасону ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, чораандешӣ кунанд. Инчунин бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, хушксолӣ, камобӣ ва болоравии нархи маҳсулот бояд ҳар яки мо ба масъалаи истифодаи оқилонаву самараноки замин, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва ба сарфаю сариштакорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Соли 2022 барои мо соли фаромӯшнашаванда ва хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро мо дар остонаи ҷашнҳои барои миллатамон муқаддас 30- солагии Иҷлосияи тақдирсоз, 31 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии азизу маҳбуб ва биҳиштосоямон қарор дорем. Ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри сарсабзиву тараққиёт, ободиву осудагии Тоҷикистони азиз содиқонаю софдилона хизмати арзанда намоем.

Дар охир кулли сокинони ноҳияро бо фарорасии Иди Қурбон табрику муборакбод гуфта, ба Шумо тансиҳативу хотирҷамъӣ ва дар хонадонатон файзу баракатро орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!