Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
12

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, самимона табрик гуфта, пеш аз ҳама сиҳатмандӣ, рӯзгори хушу босаодат, файзу баракат, оромию осудагӣ ва зиндагии шоистаро орзумандам. Бисту панҷ сол мешавад, ки мо – сокинони шарафманди ноҳия дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем. Тайи ин солҳо кулли сокинони ноҳия хуб дарк менамоянд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии ватани азизи мо – Тоҷикистон мебошад.

Аз он рӯзе, ки ба созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо гузошта шуд, 25 сол сипарӣ мегардад.

Ин Рӯзи фархунда барои мо аз он ҷиҳат бисёр азизу муқаддас аст, ки маҳз дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ ба даст омад, ва ин имкон дод, ки дар кишвар сулҳу субот ва тинҷию оромии бебозгашт барқарор гардад.

Халқи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ба талоши суботи оромӣ сарбаландона гузашт. Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон гашта, шумораи гурезагон ба 1 миллион нафар ҳамватанони мо расида, харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимову иншооти ҳаётан муҳим гардид. Бо талошҳои ҳамешагӣ ва шабонарӯзии Сарвари давлатамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ин рӯ санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳу Ваҳдати миллӣ ва амалӣ намудани қарорҳои Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олӣ ба ҳисоб меравад.

Баъди имзои Созишномаи сулҳ қариб 1 миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан буда, ба маҳалли зист ба хонаву манзили худ баргаштанд. Баробари барқарор гардидани сулҳу суббот дар ҷомеа мо имконият пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани Истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳои бахшидани кишвар, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва саноатикунонии босуръати мамлакат оғоз карда, чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду осуда баргузор намоем. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳамаи мо сабақи хело муҳим бахшид.

Ваҳдате, ки кишварамон ба даст овард ғалабаи ақли солими инсони буд, ки ин ҳақиқати баҳснопазир аст.                                          Пешвои муаззми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд».

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Барои ҳар фард лозим аст, ки сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва забони модарии худро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад.

Бори дигар Фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кулли сокинони ноҳия самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми ноҳия рӯзгори ободу осуда, бахту иқболи баланд ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдату оромии ҷовидона орзу менамоям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!