Ҳар як хонавода бояд маводи озуқаворӣ захира намояд

0
11

машварати кори бо масъулин ва фаъолони ноҳия

Санаи 24-уми июни соли 2022 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло машварати васеи корӣ бо роҳбарони ташкилоту муасссисаҳо ва масъулину фаъолон доир карда шуд.

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохури бо фаъолони вилояти Хатлон санаи 18-июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара сурат гирифт баррасӣ карда шуд. Раиси ноҳия гуфт, ки Пешвои миллат дар ин вохури таъкид карданд, ки: «Тибқи мушоҳидаҳо дар мавсими солҳои 2022-2023 истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон кам шуда, вобаста ба вазъи бамиёномада дар биржаҳои ҷаҳонӣ болоравии нархи сӯзишворӣ ва маводи озуқа ба назар мерасад. Чунин ҳолат метавонад ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир расонад ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд». Дар робита ба ин Пешвои миллат ба тамоми Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо оид ба пешгирии ин мушкилот дар байни аҳолӣ чораандеши намоянд. Бобозода Хайрулло чунин дастури Роҳбари давлатро саривақтӣ ва муҳим арзёби карда, масъулини ноҳияро вазифадор намуд, ки оиди ҷамъоварии беталафи ҳосил, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, инчунин захираи дусолаи маводи озуқа дар ҳар хонавода ва дигар тадбирҳои муҳим дар байни аҳолии ноҳия корҳои фаҳмодадиҳиро бештар бароҳ монанд.                                                                                   Паёми Кӯҳистон