ОЗМУНИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

0
48

Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаҳои зерин озмун эълон мекунад.

  1. Сармутахассиси бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ;
  2. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия;
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ.

 

Шартҳои озмун:

— доштани маълумоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ;

— барои сармутахассисон 3-сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 4-сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— барои мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 2-сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3-сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банақшагирии раванди кор;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа;

— маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

 

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад.

 

— ариза ба унвонии роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгири кадрӣ;

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи шаҳодатномаҳои дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандц;

— нусхаи диплом дар бораи доштани маълумоти олии касбӣ;

— нусхаи шиноснома ва дафтарчаи меҳнатӣ;

— нусхаи гувоҳнома дар бораи додани раыами мушаххаси андозсупоранда;

— маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;

— маълумотнома оид ба дощи судц; (ИТС)

— 2 дона расми 4х6

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроға: ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон,

бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ