КУҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ВА КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

0
214

Санаи 5-уми ноябри соли 2021 бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи кормандони Милитсияи тоҷик дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомади идона Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал дар вилояти Суғд Насруддинов Тоҷиддин, Сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия Насимзода Қосим, кормандони корҳои дохилӣ ва дигар масъулину фаъолон ширкат доштанд.

Нахуст Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ба сухан баромада паёми табрикии хешро ба муносибати 27-солагии қабули Конститутсия ва рӯзи кормандони Милитсияи тоҷик баён кард.

Аснои ироаи паёми табрики Раиси ноҳия гуфт, ки-  Конститутсия муҳимтарин ҳуҷҷати таърихиву сарнавиштсоз,  ифодагари ормонҳои олии халқ ва муайянкунандаи масири давлатдорӣ буда, дар он манфиатҳои миллату давлат бо дарназардошти арзишҳои олии умумибашарӣ ва миллӣ таҷассум ёфтаанд. Дар идомаи суханрони кормандони корҳои дохилиро ба муносибати Иди касбияшон табрик намуда, таъкид кард, ки ба ҳам омадани ин ду иди тавъам яъне: рӯзи Конститутсия ва рӯзи  Милитсия басо фоли некаст. Зеро, мақомоти корҳои дохилӣ  аз зумраи ниҳодҳои асосие мебошад, ки бевосита дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгири аз содиршавии ҷиноятҳову қонуншиканиҳо, инчунин дар таъмини ҳуқуқҳои Конститутсионии шаҳрвандон, волоияти қонун нақши муассир доранд гуфт Бобозода Хайрулло.

Сипас намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Насруддинов Тоҷиддин ба сухан баромада паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 27-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қироаът намуд.

Пас аз он Сардори ШКД-и ноҳия Насимзода Қосим ба сухан баромада, номаи табрикотии хешро ба муносибати рӯзи кормандони Милитсияи тоҷик ироа кард. Ҳангоми суханрони Насимзода Қосим   гуфт, ки имсол дар   кишвар 104- солагии Милитсияи тоҷик ҷашн гирфта мешавад. У гуфт — Ин ниҳоди қудрати дар оғози фаъолияти худ ҳамеша баҳри таъминоту тартибот новобаста аз мушкилиҳо кори худро пеш бурдааст. Кормандони Милитсия ба хусус солҳои 90-уми асри гузашта, замони ҷанги таҳмилии дохилӣ, баҳри ба  эътидол овардани тартибот дар мамлакат, дар шароити душвору тоқатфарсо, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо баҳри таъминоти суботу тартибот бо арзиши ҷон ифои вазифа кардаанд. Ҳамчунин таъкид кард, ки фаъолияти   сохтори Вазорати Корҳои Дохилӣ ва кормандони  он дар таъмини суботи тартиботи ҷамъиятӣ дар мамлакат  нақши муассир доранд.

Дар охир бахшида ба 27-умин солагрди қабули Конститутсия ва 104-солагии рӯзи  Милитсияи тоҷик  кормандони фаъолия шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, инчуни дар радифи онҳо, чанде аз кормандони МИҲД-и ноҳия барои фаъолияти пурсамарашон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шудаанд.

 Саидвоҳиди ҚОСИМ