АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА НАТИҶАГИРӢ ШУД

0
56

Санаи 8-уми апрели соли 2022 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2022 баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Ҳоҷазода Ҳомидҷон ва дигар масъулину фаъолон ширкат доштанд. Дар оғоз муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми семоҳаи аввали соли ҷори муфассал ҳисобот дод. Номбурда зимни суханрони гуфт, ки – бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.01.2022 №311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солгии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Раиси ноҳия ба тасвиб расонида шуда нақша-чорабиниҳои мукаммал иборат аз 85 банд таҳия гардида иҷрои онҳо зери назорат қарор дорад. Гуфта шуд, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз зумраи ноҳияҳои аграри буда, дар таъмини бозори кишвар ба картошкаи хушсифат нақши муҳим дорад. Соли равон тибқи дурнамо 2 ҳазору 851 гектар барои кишти картошка пешбини шудааст. Кишти картошка асосан дар Кӯҳистон давоми моҳҳои апрел-май сурат мегирад. Кишоварзони ноҳия то ба имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 55 гектар кишти картошкаро ба роҳ мондаанд ва ҳамаруза кишт идома дорад. Инчунин доир ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар семоҳа ҳарф зада гуфта шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 нақшаи қисми даромад бе назардошти андози иҷтимоӣ 1млн 260 ҳазор сомонӣ пешбини гардида буд, ки иҷроиши он ба 1 млн 475 ҳазор сомонӣ таъмин ё худ 117- фисад иҷро гардид. Инчунин қарзи андози ноҳия ки 187,8 ҳазор сомонӣ мебошад давоми семоҳаи аввали соли равон 5-ҳазор сомонӣ кам карда шуда, андози суғуртаи иҷтимоӣ 111-фисад ва андози иҷтимоӣ 111,2 фисад иҷро карда шудааст гуфт муовини Раиси ноҳия. Дар идома доир ба иҷрои Барномаву Стратегияҳои давлатӣ, эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, тадбирҳои бунёкориву созандагӣ, рушди саноат, иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, кучонидани аҳолии дар зери хавфи офати табии қарордошда ва таъмини онҳо ба замини наздиҳавлигӣ, пардохти ҳаққи барқ ва самаранок истифодабарии он, оид ба фаъолияти соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш ва дигар масъалаҳои ҷори ҳисобот дода шуд. Дар идома намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд муовини Раиси Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Ҳоҷизода Ҳомидҷон баромад карда гуфт, ки соҳаи кишоварзи соҳаи афзалиятнок буда дар таъмини амнияти озуқавори нақши муҳим дорад. Айни замон дар Кӯҳистон мавсими кишту кори баҳорӣ мебошад. Кӯҳистони Мастчоҳ бо картошкаи хушсифаташ дар бозори мамлакат нақш дорад. Бинобар ин бояд ҳар як порча замин самаранок истифода шавад. Аз масъулини фаъолон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои нақшаю уҳдадориҳои хеш бо масъулияти баланд корбари намоянд. Дар охир Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло суханрони намуда доир ба мушкилоту масъалаҳо аз масъулини соҳаҳои дахлдор пурсиш ба амал овард. Ҳамчунин ба масъулин доир ба иҷрои амру фармонҳои Роҳбари давлат, тадбирҳои ободонӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бартарафнамудани камбудиҳо ва аз ҳама муҳим корбари дар байни аҳолӣ оиди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дар кутоҳтарин фурсат ба иҷро расонидани нақшаи даъват дастуру супоришҳо дода шуд.
Саидвоҳиди Қосим.