Таҷлили Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгор дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

0
123

Санаи 5 октябри соли 2020 дар саҳни муассисаи таълимии №6-и деҳаи Падрохи ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба муносибати Рўзи забони давлатӣ ва Рўзи омӯзгор чорабинӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст Раиси ноҳия паёми табрикии хешро ба муносибати Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгор ироа карда зикр намуд, ки “забони давлатӣ дар ҳама давру замонҳо забони давлатдорӣ буда, яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони Истиқлолият низ маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати тоҷик нақши муҳим мебозад.
Таъкид карда шуд, ки омӯзгор ва фарди донишманд барои ҳар як миллату давлат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои созандагӣ ба ҳисоб меравад.
“Бинобар ин омӯзгоронро зарур аст, ки дар кори худ содиқ бошанд ва барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва расидан ба дастовардҳои бузург талош намоянд”,-иброз дошт зимни суханронӣ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор ба чанде аз устодони пуртаҷриба ва пурмаҳсули муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия бо туҳфаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here