ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОН

0
127
Ҷавонони азиз!
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Дар ҳамаи давру замон саҳми ҷавонон дар таҳким ва рушди босуботи ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа назаррас буда, пешрафти ҷамъият бидуни фаъолияти ин субъекти фаъоли ҷомеа ғайриимкон мебошад. Зеро ҷавонон аз лиҳози ҷисмонӣ ва фикрӣ дорои нерўи бузурги созандаву бунёдкор, ваҳдатофар, эҳёгари арзишҳои миллӣ, ҳифзкунандаи истиқлолияти давлатӣ ва идомабахшӣ суннатҳои неки аҷдодони миллат ҳастанд.
Таърих гувоҳ аст, ки пойдориву таҳкими ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии рушди бонизоми давлатдорӣ ва сохтори он, ба рафтору гуфтор ва пиндори некбинонаи ҷавонони солимфикру созанда вобастагии зич дорад.
Пеш аз ҳама зикр намудан зарур аст, ки ҷавонони даврони истиқлолият дар муҳити солиму айёми эҳёи суннату анъанаҳои неки аҷдодиамон ба истилоҳи дигар дар марҳилаи таҳаввулоти босуръати раванди худшиносиву худогоҳоии миллӣ ва шинохти аҳамияти давлату миллат ва ваҳдати миллӣ ба камол расида истодаанд. Маҳз ин омил мавқеи онҳоро дар масири ҳифзи сулҳу суббот ва ягонагии давлатамон устувор менамояд.
Пайгирӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкорона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ва ба роҳ мондани фаъолияти ҳар рўзаи худ дар асоси андешаҳои олии Сарвари давлат барои оромиву осоиштагии кишвар ва мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ яке аз самтҳоест, ки имрӯз ҷавонони саодатманд ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодаанд.
Эҳтирому эътироф кардани таъриху маданияти волои бостонии миллати тоҷик ва тарғиб намудани андешаҳои сулҳпарварона дар корвони роҳи дўстиву рафоқат, дарки масъулияти бузурги таърихӣ, ҳамчун ворисони ояндаи давлат ва миллат, инчунин дар рўҳияи баланди ватандорӣ иштироки фаъолона дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ аз нерӯи бузурги созанда будани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамқадами бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дарку таҳлили воқеаҳои дунёи мутамаддин барои ҷавонони даврони муосир қадами мувафаққият дар тамоми ҷодаҳо ба шумор рафта, чунин қобилият шуурнокии онҳоро аз лиҳози сиёсиву ҳуқуқӣ ташаккул медиҳад ва барои маҳкум намудани ҳамагуна талошҳои гурўҳҳои манфиатҷў, ки бар зидди манфиатҳои миллӣ ва оромии ҷомеа равона мегарданд, заминаи муфид мегузорад.
Боиси ифтихор аст, ки имрўз андешаҳои Сарвари давлат барои ҷавонон ҳамчун такягоҳ ва муқаддимаи рафтору гуфторашон табдил ёфтааст, ки минбаъд барои камолоти маънавии шахсияти онҳо таъсири мусбат расонида, сатҳи ситоиши ваҳдати миллӣ ва ҳифзи он ба тадриҷ инкишоф меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 майи соли 2017 зимни Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рўзи ҷавонон чунин баён намудаан: «Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, хусусан, афзоиш пайдо кардани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм ҷавонони моро зарур аст, ки ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои субботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоянд».
Дар воқеъ чунин андешаҳои созанда ва тарғибгарӣ арзишҳои олии сулҳу дўстӣ ҷавонони моро дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ботинан тарбия намуда, бовариву садоқати онҳоро ба фардои рангини таърихӣ афзун менамояд.
Дар маҷмўъ тадбирҳои ҷавонон қобили ифтихор буда, идомаи чунин раванд ояндаи кишварро дурахшон ва мактаби ваҳдати миллиро бо парвариши ғояҳову амалҳои ваҳдатсоз мустаҳкам менамояд. Мутаҳиддии ҷавонон дар атрофи сиёсати Пешвои миллат худ гувоҳи саҳмгузории онҳо дар сулҳу субботи мамлакат буда, вафодорӣ ва мавқеи онҳо боз ҳам беҳтар мешавад.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ба ҳар яки Шумо – ҷавонони саодатманди диёр тани сиҳат, андешаи солим ва муваффақитҳои беназирро дар ҷодаи илму ҳунар таманно дорам.
Рӯзи ҷавонон муборак!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here