ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

0
2

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Иди саиди Қурбон, ки рамзи меҳрубониву вафодорӣ, хайру саховат ва покию равшанӣ мебошад, самимона табрику муборакбод мегӯям!
Иди саиди Қурбон аз зумраи идҳои бузурги мусалмонон маҳсуб мешавад, ки муслиминро ба шинохти ҳувият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд.
Боиси зикр, ки имсол таҷлили Иди Қурбон дар арафаи ҷашни 29 солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизу маҳбубамон мувофиқ омада, бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон шудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома ёфта истодаанд Боварии комил дорам, ки Шумо мардуми сарбаланди ноҳия дар корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ саҳми беназири худро мегузоред.
Яке аз фазилатҳои ин иди саид ҳамдилию вафодорӣ, садоқат, хайру саховат ва дастгии ятимону камбизоатон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз ҳикматҳои муҳимтарини ин анъанаи неки динӣ иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кумак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст».
Итминони комил дорам, ки шахсони ҳимматбаланду саховатпеша тибқи фармудаҳои Худованди муттаъол дар ин рӯзи муборак дасти хайру сахо ва кумаку дастгирии худро аз ятимону маъюбон, бепарасторон, муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат дареғ намедоранд.
Ҳамдиёрони азиз!
Мову Шумо бояд амиқ дарк намоем, ки дар вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳон, пайдоиши бемориҳои сироятӣ аз ҷумла коронавирус, пешгирӣ намудани он, рияои қатъии гигиенаи шахсӣ, тозагию покӣ, дар самти рияои бемайлони чорабиниҳои ҷамоавӣ, риоя кардани масофа ва гиромидошти неки анаъанаҳои миллӣ сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне Истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем.
Дар охир ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо ҳамаи сокинони ноҳияро бо фарорасии Иди Қурбон табрику муборакбод гуфта, дар кишвари азизамон сулҳу салоҳ ва ба ҳар яки Шумо рӯзгори орому осуда, ризқу рузии фаровон ва дастурхони пурфайзу баракатро орзу менамоям.

Иди қурбон муборак ҳамдиёрони азиз!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here