ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КЎҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

0
166

Ҳамдиёрони азиз!
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мо, мадуми сарбаланди тоҷик, дар арафаи яке аз ҷашнҳои бузурги таърихии миллиамон – таҷлили 23-юмин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба ҳар яки Шумо ин санаи фархундаро мубораку таҳният мегўям.
Ваҳдат дар таърихи инсоният бузургтарин ва арзишмандтарин неъмати ноёб маҳсуб ёфта, омили асосии устуворию бақои давлат ва пайвандагарӣ дўстӣ, бародарӣ, иттифоқу иттиҳод ва якпорчагии ҳар сарзамин ба шумор меравад.
Маҳз ғояи Ваҳдат, ки аз ҳамгироӣ ва ҳамфикрию ҳамдилӣ сарчашма мегирад, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ояндасозии он дар рушди босуботи соҳаҳои афзалиятнок нақши муассир мегузорад.
Ваҳдат ҳастии давлатро дар симои ягонагии ҷомеа ва ташвиқи арзишҳои волои ватандўстӣ ва эътиқоду итминон ба фардои рангин бозгў менамояд.
Бунёди Ваҳдат тарғибгарӣ рафоқату садоқат буда, азҳампошии давлату миллатро эмин нигоҳ дошта, андешаҳои ғайр, ки барои ноиттифоқӣ мусоидат менамоянд, чун девори бузург ҳимоя мекунад.
Ин падидаи нодир ва муҳим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа равандҳои маҳдудкунандаи андешаҳои накў ва Ваҳдатофарро пешгирӣ ва решаи хаёлҳои бофтаву ноқисро, ки сабаби бесуботӣ мебошанд, дарҳам мезанад.
Ваҳдат эҷодкунандаи фазои орому осуда, таранумгарӣ ҳадафҳои созанда ва кафили амалисозии ормонҳои олии миллат арзёбӣ мегардад.
Аҳамият ва зарурияти Ваҳдат дар корвони давлатдорӣ ногузир буда, нуқтаи калиди дошта, тамоми дастовардҳо ва пешравиҳо ба он бастагӣ дорад.
Муқадимаи Ваҳдат аз парвариши андешаҳои дўстӣ ва пайвандсозии меҳру муҳаббат дар ниҳоди ҳар як инсон сарчашма гирифта, рафтору гуфтор ва кирдори инсониятро ба низоми дуруст ҳидоят намуда, эҳсосоти бовариро нисбати ҳамдигар дар мафкураи ҳар як шахс ба вуҷуд меоварад.
Замири Ваҳдат тухми ҳамбастагиро дар афкори ҷомеа, парвариш намуда, тухми низоъ ва ихтилофу ҳисси бадбиниро, ки нопойдории суботи сиёсӣ аз он маншаъ мегирад маҳв менамояд.
Ваҳдат ҳадафҳои созандаро дар ҳаёти ҷомеа амалӣ намуда, бомаром ва зина ба зина дар рушду тараққиёт ва шукуфоии ҳар давлат саҳми босазо ва бесобиқа мегузорад.
Аз нигоҳи дигар Ваҳдат маҳсули андешаҳои олии инсонӣ буда, инсоният барои дар замони осоишта ва ором умр ба сар бурдан, ин рукни заруриро ҷузъи асосии зиндагии худ интихоб намудааст. Зеро асоси хушбахтӣ ва осудаҳолӣ дар зиндагӣ ба Ваҳдату ягонагӣ иртибот дорад.
Бинобар он мустаҳкамсозии пояҳои Ваҳдат тақозои ҳар давру замон буда, ба иродаи қавӣ ва ҷасорату матонат, дарки амиқи рисолат ва афзалияти он вобастагии зиёд дорад.
Ваҳдати пойдор шаҳодати баланди шуури сиёсӣ ва ситоишу бақои давлат дар меҳвари якдигарфаҳмӣ, ҳамдилии ҷомеа ва ҷалби нерўи зеҳнии инсонӣ дар роҳи ягонагӣ буда, ҳадафҳое, ки муроди онҳо таҳкими Ваҳдат аст мусоидат менамояд.
Тарануми Ваҳдат дар ҳар як давлат ифодагарӣ тифоқии мардум ва ҳисси баланди эҳтиром ба ватанашон мебошад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро бозёфти арзишмандтарин дар таърихи навини тоҷикон дониста, дар ин маврид чунин баён доштаанд: «Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд заминаи воқеӣ гузошт».
Воқеан, расидан ба сулҳ ва Ваҳдати комили миллат ба фаъолияти сиёсатҳои хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дошта, маҳз дар партави ин иқдоми бузург нақшаҳои душманони миллат, ки зидди нооромӣ ва ноиттифоқ нигаронида шуда буданд, ба хок яксон шуданд. Дар воқеъ, сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат дар он шароити мураккаб дар охир давлатро воҳид, миллатро сарҷамъ ва оромиро ҳукумфармо гардонид.
Ҳамдиёрони гиромӣ! 
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ваҳдати миллӣ ин маҳсули хиради воло, дарки амиқи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи якпорчагии кишвари маҳбубамон, пос доштани фарҳанги куҳан, ҳифзи умеду ормонҳои ҳазорсолаи миллат, эҳсоси баланди ватандўстӣ, расидан ба қадри истиқлолият, гиромӣ доштани рукнҳои он ва эҳёи арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Ваҳадати милли ба дарди миллат марҳам пошида, кинаву адоватро бурун намуда, барои рушди тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва тақвияти мақомотҳои давлатӣ ва амалӣ намудани орзўҳои мардум нақши муассир гузоштааст.
Бо чунин ниятҳои нек ва эҳсоси амиқи вадандўстиву меҳанпарастӣ бори дигар ба ҳамаи Шумо Рўзи Ваҳдати миллиро самимона муборак гуфта, бароятон тандурустиву некномӣ, саодати рўзгор ва комёбиҳои пайвастаро таманно дорам.
Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here