ГАРЧӢ ОСОН НАБУД…

0
28

   Ҳар сол санаи 27 – уми июнро аҳли адабу фарҳанг ва рўшанфикрону таҳаммулгароёни кишвар чун як рўзи муборак истиқбол мегиранд. Хусусан, онҳое, ки шоҳиди бевоситаи дасисаҳои сиёсӣ ва кинаю қасоси мансабталошу манфиатҷўён, қавму қабоили мазҳабгаро буданду дар моварои бархўрдҳои хунини ҷонибҳои ба ҳам мухолиф қарор доштанд, бо дарки арзиши Оштии миллӣ барои имрўзи осоишта ин рўзро ниҳоят гиромӣ медоранд.
Аз он санаи таърихӣ ва имзои созишномаи сулҳи тоҷикону тоҷикистониён 23 сол сипарӣ шуд. Ин фосила чандон назаргир набошад ҳам, кулбораш барои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол боғановат аст. Метавон хулоса кард, ки бе он санади созанда рушду нумўи иммрўзаи кишварро тасаввур кардан амри маҳол. Дар бораи ин созиши тарафҳои даргири ҷанги шаҳрвандӣ бисёр навиштаанду изҳори назар намудаанд ва бешак, боз ибрози андеша хоҳанд кард. Табиист, ки пиромуни он ҳар соҳибназар дар доираи дарку фаҳми худ андеша ронда, ба ин ё он ҷониби созишгар афзалият медиҳад.
Аз ин гуфтушунидҳо ҳадаф хомўш кардани оташи бунёдсўзи ҷанги дохилӣ буду бас. Зеро куштору сўхтори харобиовар кишварро ба вартаи нобудӣ кашидан дошт. То ҷое бохабарем, ташаббуси «оташбас» ё қатъи ҷанги бемаънӣ аз ҷониби Ҳукумат садо дод. Чунки раиси Шўрои Олӣ, ки машварати 16-уми он интихоб карда буд, Эмомалӣ Раҳмон «Ман ба мардуми кишвар сулҳ меорам» гуфта буданду азми қатъии амал кардан доштанд. Иттиҳодияи мухолифин ба ин иқдом мувофиқат карданӣ набуд. Ҳарчанд вазъи будубошаш дар хориҷи кишвар (Толиқони Афғонистон) ин «якравӣ»-ро тавони ғунҷонидан надошт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтушунидҳои тарафайн, бо вуҷуди дар арсаи сиёсат навроҳа будани худ, таҳаммулро пеша карда, босаброна, дурбинона, бомулоҳиза пофишорӣ мекард, ки ниҳояташ ба сулҳу оштии миллӣ оварда расонид. Саҳми миёнаравҳо ҳам дар ин созиши таърихӣ андак нест. Хусусан, дахолати ҷиддии фармондеҳи машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд ва президенти вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, ки роҳбарияти Иттиҳодияи мухолифинро ба зону даровард ва водор намуд, ки сари ин «якравӣ»-и фоҷиаоварашон дурусттар мулоҳиза кунанд… Вазъи гурезаҳо ва таъминоти молии размандагон дар хориҷ ҷои хурсандӣ надошт. Ҳарчанд «балегўён»-и мазҳабӣ ва манфиатҷўёни аҷнабӣ то ҳадде «саховатмандӣ» зоҳир мекарданд, Иттиҳоди мухолифин заминаи мустаҳками идомаи ҷангҳои серхарҷро надошт. Ҷониби Ҳукумат, дар шахси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ниҳоят муваффақ шуд. Созишнома ба имзо расид. Коршиносони сиёсӣ дар баъзе маврид бо ҳамин муноқишаи тарафҳоро ҳалшуда ҳисобидаанд.
Мутаассифона, мушкилоти тадбиқи Созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ дар пеш меистод. Таъмини осоиш, баргардонидани тоҷикони гуреза ба Ватан, тақсими қудрат бо пешкорони мухолифат, муҳимтар аз ҳама зудудани кинаю кудурат аз замири сокинони ҷабрдида, камондорони алайҳи ҳамдигар сангар гирифтаю хун рехта, талафоти ҷонию молӣ дода, ҷамъ кардани силоҳ ва ба ифоқа овардани ҷузъу томҳои ҳарбӣ дар кишвар кори саҳл набуд. Қумондонҳои маҳаллии Фронти халқӣ ҳар кадом мавқеи ишғолкардаашро «қаламрави худ» ҳисоб мекарданд. Ҷилави онҳоро кашидан, ихтилофи байни «зўргўён»-и дохилиро бо роҳи осоишта ҳал мебоист кард…
Ана дар ҳамин вазъияти мураккаб Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили созмони ҷамъиятии «Ҳаракати сулҳ ва ваҳдати миллӣ»-ро ба миён гузошт, ки фаъолияташ барқарорӣ ва осоишу ваҳдатро дар маҳалҳо таъмин намуд. Ин осоиш, албатта, бе баҳсу тарафкашӣ ва «ҳақталошӣ»-ҳои манфиатҷўён аз ҷанги шаҳрвандӣ, пойдор нагардид. Худсариҳои қумандонони нируҳои Иттиҳоди мухолифин Ризвон Содиров, бародараш Баҳром Содиров, Раҳмон Гитлер, Муллоабдулло, балвои қудратталошонаи Маҳмуд Худойбердиев дар Қўрғонтеппа, баҳси марговари Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов ва дигар муноқишаҳои қумондонҳои саҳроиро, ки ба барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар чандон ҳавасманд набуданд, ҳамроҳ дошт…
Бо вуҷуди он ҳама монеаҳо, мушкилоти иқтисодие, ки он солҳо кишварро гиребонгир буданд, Сарвари давлат аз азми худ нагаштанд. Гурезаҳои тоҷик баргаштанд, балвогарони дохилӣ саркўб карда шуданд, пеши қувваҳои сиёсии марказгурез, онҳое, ки мехостанд шимоли кишварро аз ҷануб ҷудо кунанд, гирифта шуд, ба оҳистагӣ бошад ҳам, кинаву адоват байни тоҷикону тоҷикистониён барҳам хўрд…
Атрофи ҷузъиёти он рўйдодҳо дар фосилаи пойдору мустаҳкам шудани сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ дар кишвар гуфтаниҳо бисёранд, вале бо ҳамин чанд хулосаи мушаххас қаноат мекунем. Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани он, бешак, калидӣ ва ҳалкунанда аст. Ин шахсияти қавиирода ба ҳамаи мушкилоти пешорўяш гузоштаи вазъият сарбасарӣ кард, дар арсаи сиёсат, бо вуҷуди ҷавонию камтаҷрибагӣ, мавқеи худро ёфтанд ва чун Сарвар, Пешво ва сиёсатмадори тавоно дар оташи он зиддияту маҳрумиятҳо ба воя расиданд.
Ҳамаи он дастовардҳое, ки имрўз мо метавонем тавассуташон чун як миллати қодир, рў ба рушди маънавию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ифтихор кунем, ба роҳбарии дурбинона ва кўшишҳои ҷасуронаи ин шахсият, иқдому ҳидоятҳои босамари ў сахт марбутанд.
Осон набуд барояш аз вартаи нобудӣ берун кашидани кишвар. Фақру бенавоӣ ба собиқ ҷумҳурии СССР, ки аз мероси «бародари калонӣ» маҳрум монда буд, аз ҷангу хунрезиҳои кўр-кўрона камтар хатарзоӣ надошт. Тақсими замин, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, озодӣ дар шуғлу амал ҷони мардумро харид. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи ҳамаи унвонҳои зикрашон рафта аст. Он кас ба маънои томаш вазифаи дар зиммаашон гузоштаи таърихро иҷро карда тавонистанд…
Абдулло Фозил,
рўзноманигор

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here