Вохўрӣ бо интихобкунандагон дар Кўҳистони Мастчоҳ

0
14

Имрўз (07.10.2020) дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ вақеъ дар шаҳраки Меҳрон шахси боэътимоди номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Панҷакент Ансорӣ Муаззамхон бо интихобкунадагон мулоқот намуд.

Дар ин дидор номбурда барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизбро муфасал баён кард. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар барномаи пешаинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодии мамлакат пешбинӣ шудааст. Дар идомаи суханронӣ ба корнамоиҳои номзади ҳизб таваҷҷуҳ карда,таъкид кард, ки таҷрибаи сулҳоварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст ва имрўз коршиносони ҷаҳони барои барқарор кардани сулҳ дар Афѓонистон ба раванди сулҳоварии тоҷикон рў оварда истодаанд, ки ҳамаи мо медонем ба даст овардани сулҳ дар Тоҷикистон аз заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Инчунин доир ба дигар паҳлуҳои барномаи пешаз интихоботии номзад ба мақоми Президенти аз ҲХДТ ҳарф зада, аз ҷумла саноатикунони мамлакат, рушди саҳои маориф, баланд бардоштани сатҳи иқтисоди иҷтимоии мардум, густариши равобити байналмилалиро аз ҳадафҳои асосии барномаи пешазинтихоботи номид.
Ансори Муаззамхон дар аснои сухан таъкид кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба мардуми Кўҳистони Мастчоҳ эҳтироми хоса доранд ва барои боз ҳам ободу зебо кардани ин ноҳияи дурдаст тадбирҳои созандагии зиёдеро ба нақша гирифтаанд. Дар охири мулоқот изҳори умед карда шуд, ки сокинони ноҳияи Кўҳисони Мастчоҳ санаи 11 октябри соли 2020, ки интихоботи Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикиситон баргузор мегардад, якдилона ширкат намуда ба тарафдории номзади арзандаи худ овоз диҳанд.

Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here