БАРГУЗОРИ МАҶЛИСИ ВАСЕИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

0
25

Имрўз (10.08.2020) дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия доир гардид. Дар кори машварат Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сарҳадов Бахтиёр, масъулини шуъбаи маориф ва омўзгорону фаъолон иштирок доштанд.
Нахуст мудири шуъбаи маорифи ноҳия Салимов Сафар доир ба бурду бохти соҳаи маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли таҳсили 2019-2020 ҳисобот дод. Номбурда зимни баромад зикр намуд, ки соли равон дар ноҳия 378 нафар синфи 11-умро хатм намуда, беш аз 230 нафар ё худ 62,4 фисади хатмкунандагон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, ба тақсимот роҳ ёфтаанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Салимов Сафар зикр намуд, ки солҳои охир аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваҷҷуҳи духтарон ба гирифтани маълумоти олӣ зиёд гардида, соли равон беш аз 40 нафар духтарон ба макоти олии кишвар роҳ ёфтаанд. Ба иттилои ӯ имсол 24 нафар хонандагони мактабҳои ноҳия тариқи квотаи президентӣ ба гуруҳҳои буҷавии макотиби олии кишвар дохил гардида, зиёда аз 30 нафари дигар дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа таҳсил карда истодаанд.
Салимов Сафар ҳамчунин таъкид намуд, ки таҳти ғамхории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия бунёди як қатор мактабҳои нав дар ноҳия ба роҳ монда шудааст, ки сохтмони баъзе аз ин иншоот дар ҳоли анҷомёбист.
Намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сарҳадов Бахтиёр омўзгорону хонандагони ноҳияро ба оғози соли нави хониш табрик намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф яке аз соҳаи афзалитянок ба ҳисоб меравад. Давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳар давру замон ба ин соҳа такя намуда, баҳри пешрафти он пайваста дастгириву ғамхориҳо зоҳир менамояд.

Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни суханронӣ доир ба масъалаи сатҳи сифати дониш, иштироки хонандагон дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, таъмини сарулибоси ягонаи мактабӣ, омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон ва соли нави таҳсил ба кормандони соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир хонандагони фаъол ва иштирокчиёни даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуривии «Фурўғи субҳи доноӣ», инчунин чанде аз омўзгорони пешқадам ва пурмаҳсул бо туҳфа ва ифтихорномаи Раёсати маоирифи вилоят ва ифтихорномаҳои Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here