ҶАВОНОН ДАР САФИ ПЕШАНД

Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2015 қайд гардидааст, ки: «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи ватани аҷдодиамонро боз ҳам баланд мебардоранд, ҳамеша такя менамояд».

Мусаллам аст, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Зеро дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва муқовимат ба даъвату тазодҳои ҷаҳони муосир, насли ҷавон ягона василаи устувор ва сарватест, ки метавонад дар раванди инкишофи худ бо муваффақият ноил гардад.

Дар бораи ин, иштироки ҷавонон дар арҷ гузоштан ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти ватан, тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва шуғли муносиб, тарзи ҳаёти солим, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ, азхудкунии касб ва илмомӯзӣ, ҳидоят сохтани насли ҷавон, қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоии онҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳо ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон дар ҳаёти рузмарраи ин насл хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Имрӯз ҷавонони кишвар дар марҳалае кору зиндагӣ доранд, ки дар баробари фароҳам будани шароити мусоид ҷиҳати худтакмилдиҳӣ ва инкишоф, як қатор мушкилоте низ садди роҳи зиндагии онҳо гаштааст.

Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016 — 2018 ҳамчун механизми амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон асос ёфта, татбиқ гардидани он марҳила ба марҳила метавонад ин мушкилотро вобаста ба зарурат ва талаботи ҷавонон ҳалу фасл намояд.

Барнома тамоми самтҳои ҳаётан муҳими ҷавононро фаро гирифта, дар бунёд ва рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос мегирад ва заминаи мусоид ҷиҳати ба камол расонидани ҷавонон мебошад. Дар ин замина дар асоси қарори Раиси ноҳия аз 11.05.2016 №101 нақшаи чорабиниҳои рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2018 қабул гардидааст ва дар заминаи он минбаъд корҳо амалӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин дар ин давра қарори Раиси ноҳия аз 12.05.2016 №102 «Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ» ба тасвиб расонида шуд, ки дар асоси он ин соҳаи афзалиятнок минбаъд тақвият дода мешавад.

Баҳри дастгирӣ ва пуштибонии насли ояндасоз бо ҳидоятҳои Пешвои миллат соли ҷорӣ Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президент таъсис дода шуд ва ҷаласаи нахустини он баргузор гардид, ки дар он баҳри боз ҳам баланд бардоштани нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки баҳри дастгирии ҷавонони кӯҳистон хоса духтарон бо пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон квотаи президентӣ таъсис дода шудааст, ки тавассути ин иқдоми наҷибона якчанд ҷавонон донишгоҳои олиро хатм намуда, баҳри рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия фаъолият намуда истодаанд. Айни ҳол дар донишгоҳҳои олии мамлакат 93 нафар аз ноҳияи мо тибқи квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд, ки дар оянда муаммои кадрӣ дар ноҳия то андозае ҳалли худро хоҳад ёфт.

Инчунин баҳри дастгирии иҷтимоии ҷавонон идрорпулии президентӣ таъсис дода шудааст, ки дар ноҳияи мо низ як нафар гирандаи ин идрорпулӣ мебошад.

Ҷавонони сарбаланди ноҳия сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба эҳсос ва дастгирӣ менамоянд. Дар ду маъракаи даъвати соли 2015 ва як маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 нақшаи даъват дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар рӯзи нахустини даъват сарбаландона аз ҳисоби ҷавонони ихтиёрӣ иҷро карда шуд.

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1997 таъсис ёфтааст. Мақомоти идораи давлатии дар маҳал буда, фаъолияти соҳаро дар бахши сиёсати давлатии ҷавонон танзим мекунад ва ҳамоҳанг месозад.

Дар давоми соли 2006 тибқи тағйирот ва якҷоя намудани сохторҳо кумитаи ҷавонон ба кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ табдил дода шуд, ки дар маҳал шӯъбаҳои кор бо ҷавонон ба бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ табдил дода шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ноҳия шумораи умумии ҷавонон 9260 нафар, аз ҷумла, 4587 нафар духтарон зиндагӣ мекунанд.

Дар назди бахш мактаби варзишии бачагону наврасони ноҳия фаъолият менамояд. Дар мактаби мазкур аз рӯйи 7 намуд 12 гурӯҳ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар мактаби варзишӣ 13 нафар мураббӣ ба кори таълиму тарбия машғуланд, дастпарварони мактаб 384 нафар мебошанд.

Мактаби мазкур соли 2006 таъсис дода шудааст. Дар тӯли фаъолияти 3 соли охир дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷавонони ноҳия 3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм, 6 ҷойи сеюмро гирифтаанд. Дар мусобиқаҳои вилоятӣ ба ҷойи якум 40 нафар, ҷойи дуюм 47 нафар ва ба ҷойи сеюм 60 нафар сазовор гардиданд.

Дастпарварони мактаб Мирзоев Мулошариф — чемпиони чоркаратаи вилоят, Шораҳматзода Шаҳром — ҷоизадори чандин мусобиқот ва дигарон мебошанд, ки дар мусобиқаҳо иштироки фаъолона менамоянд.

Бахш бо шӯъбаи маъориф, бахши фарҳанг, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, бахши кор бо занон ва оила, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, комиссариати ҳарбӣ, прокуратура, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои фаъолияташон ба кори байни ҷавонон алоқаманд дар самтҳои мухталиф ҳамкорӣ мекунад.

Дар тӯли солҳои мавҷудияти бахш ба он Муҳаммадҷобир Раҷабзода, Мирзонозим Ҳомидов, Акбарҷон Раҷабов, Шамсиддин Шомуродов, Шамсуддинов Саҳобуддин ва айни ҳол Ҳотамбек Аҳмедов фаъолият намудаанд.

Ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мисли ҳарвақта баҳри сазовор истиқбол гирифтани санаҳои таърихӣ, аз ҷумла 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ софдилонаву содиқона хизмат менамоянд.

ХАБАРҲО