ФАРҲАНГ РӮ БА РУШД АСТ
Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ солҳои 1996-97-98 ҳамагӣ як хонаи маданият — «клуб» дар деҳаи Мадрушкат фаъолият менамуд, имрӯз бошад хонаҳои маданият дар ҳарду маркази ҷамоати деҳоти ба номи Иван Тоҷик ва ҷамоати деҳоти Лангар амал мекунанд.
Инчунин бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар маркази ноҳия моҳи октябри соли 2014 аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон бо маблағи 3879829 сомонӣ Қасри фарҳанг сохта ба истифода дода шуд, аҳли фарҳанги ноҳия бо утоқҳои корӣ таъмин гардиданд.
Агар дар солҳои 1998 ва 1999 то солҳои 2014 китобхонаи марказӣ аз маркази ноҳия дур — дар деҳаи Ревомутк ҷойгир буд, бо ба истифода додани Қасри фарҳанг чор ҳуҷраи бо рафҳои китобмонӣ муҷаҳҳаз ба китобхонаи марказӣ дода, китобхонаи марказӣ аз деҳаи Ревомутк ба маркази ноҳия кӯчонида шуд.
Дар соли 2016 дар арафаи таҷлили Истиқлолият китобхонаи бачагонаи воқеъ дар деҳаи Худгифи Боло аз як бинои фарсуда бароварда, ба ду ҳуҷраи нави муҷаҳҳаз бо рафҳои китобмонӣ ва мизу курсӣ оварда шуд.
Дар замони 20 соли таъсисёбии ноҳия агар китобхонаҳои филиалҳои китобхонаи марказӣ ҳамагӣ 6 ададро ташкил медоданд, имрӯз миқдори онҳо ба 11 адад расидааст. Агар миқдори китобҳо дар солҳои 1998 ва 1999 ҳамагӣ 33000 нусха китоб дар китобхонаи марказӣ, бачагона ва филиалҳои он мавҷуд буданд, дар давоми соли 2016 бо дастгирии Вазорати фарҳанг ба воситаи Корвони китоб ва Раёсати фарҳанги вилояти Суғд шумораи китобҳо аз 33000 ба 47000 адад расонида шудааст.
Агар дар солҳои 1998 ва 1999 шумораи Аълочиёни фарҳанг 3 нафарро ташкил медоданд, алҳол онҳо 8 нафар мебошанд.
Соли 1996 бахши фарҳанги ноҳия ташкил шуда, аввалин мудири бахши фарҳанги ноҳия Абдувоҳид Қурбонов таъин карда шуд. Баъди Абдувоҳид Қурбонов шахсони зерин то соли 2015 мудирии ин бахшро ба ӯҳда доштанд:
Шодиев Азизхоҷа,
Муллоҷонов Муллоҳаким,
Одинаев Абдуғаффор,
Аҳмедов Саидуброн.
Бо фармони Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз моҳи феврали соли 2015 то ба имрӯз мудирии ин бахшро Зокирова Гулбаҳор ба уҳда дорад.
Имрӯз дар бахши фарҳанги ноҳия як Қасри фарҳанг як китобхонаи системаи марказонидашуда, як китобхонаи бачагона, ду кулуб, як осорхона ва ҳашт филиали китобхонаи системаи марказонидашуда фаъолият доранд.
Айни замон дар бахши фарҳанги ноҳия 42 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз он 33 нафар мардон, 9 нафар занон, аз ҷумла, 12 нафар бо маълумоти олӣ, 3 нафар олии касбӣ, 6 нафар миёнаи махсус ва 13 нафар бо маълумоти миёна фаъолият доранд.
Бахши фарҳанги ноҳия то имрӯз ба бисёр дастовардҳо ноил гаштааст. Аз ҷумла, дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва берун аз он аҳли фарҳанги ноҳия иштироки фаъол доранд.
Мисоли гуфтаҳои боло санаи 4.07.2015 дар шаҳри Хуҷанд, маҷмааи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда гузоштан дар озмуни вилоятии «Ҳунарнамоии беҳтарини шаҳру ноҳияҳо» бо мақсади рушду инкишофи санъати миллӣ, эҳё намудани жанрҳои мусиқии классикӣ, таронаҳои халқӣ, сурудҳои фолклорӣ- этнографӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар «Соли рушди фарҳанг» дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.
Бахши фарҳанги ноҳия дар радифи омодагии ҷашни 25-солагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд аз 14.03.2016, таҳти №140 Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ва тибқи ҷадвали тасдиқ намудаи баргузории Фестивал- озмун санаи 27-уми майи соли 2016 дар назди қасри фарҳанги ноҳия Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016″ро гузаронид, ки дар фестивал-озмун меҳмонон ва аъзои ҳакамон иштирок намуда, сараввал аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки аҳли фарҳанги ноҳия дар саҳни қаср ташкил карда буданд, дидан намуданд. Сипас, аъзои ҳакамон аз рӯи низомнома дар рафти намоиши озмун бештар ба намоиши ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳ намуда, суруди яккаро дар иҷрои Абдунаҷиб Шоев ва рақси яккаро дар иҷрои хонандаи синфи нуҳум Олиямоҳи Маҳмадазим ҳамчун чеҳраҳои нав хуб пазируфтанд.
Аз рӯи ҷамъбаст дастаи ҳунарии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 105 хол гирифт, ки ин бори нахуст дар ноҳия чунин чорабинӣ гузаронида шуд.
Шахсоне, ки дар пешрафти соҳаи фарҳанги ноҳия тулии солҳои зиёд фаъолияти хуб доштанд инҳоянд: Аҳмедов Саидуброн, зиёда аз 10 сол мудирияти бахши фарҳанги ноҳияро ба уҳда дошт. Инчунин Файзихоҷаи Ниёзбоқӣ, Азизхоҷаи Шодӣ, Абдуҷаббор Шоев, Саиданвар Аҳмедов ва Абдулазиз Раҳимов дар пешрафти бахши фарҳанги ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд.