ШИНОСОИИ РАИСИ НОҲИЯ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

0
109

Имрӯз 17.05.2020 сол бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводҳои хўрока дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, пешгирии баландшавии нарху наво, ба роҳ мондани кишти зироатҳо ва иҷрои бандҳои нақша чорабинӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло аз рафти кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Лангар дидан намуд.
Зимни шиносоӣ аз рафти кишти картошка ба раиси ноҳия маълумот доданд, ки кишти дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бо маром идома дошта, кишоварзон ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани кишт аз тухмҳои хушсифати дохилӣ ва берунӣ самаранок истифода намуда истодаанд.

Ҷамоати деҳоти Лангар аз бузургтарин ҷамоати деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҳсуб мешавад, ки қисми зиёди картошка дар ин ҷамоат парвариш дода мешавад.
Тибқи маълумотҳои бахши кишоварзии ноҳия дурнамои кишти картошка соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2994 га замин пешбинӣ шудааст. То ба имрӯз кишоварзони ноҳия дар майдони 2337,5 га замин замин кишти картошка гузаронидаанд, ки 78% нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here