Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба Соли нави мелодии 2024

0
6

Ҳамдиёрони азиз!

Сокинони шарафманди ноҳия!  

Ҳамаи шуморо ба фарорасии соли нави мелодии 2024  табрику муборакбод намуда, дар хонадони ҳар як сокини ноҳия тансиҳативу хотирҷамъӣ, саломативу бурдборӣ ва  хонаободиву барори кор таманно намуда, дар соли омадаистода ба хонадони ҳар яки шумо хушбахтиву тансиҳатиро  таманно дорам

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Точикистон ва сокинону бошандагони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли нави мелодии 2024-ро бо як рӯҳияи идона дар фазои амну осуда истиқбол мегиранд.

Бояд қайд кард, ки  ҳамасола дар кишвари азизамон  фарорасии соли нави мелодиро дар қатори дигар давлатҳои сайёра  бошукуҳ ҷашн мегиранд.  Ҳар солу моҳе,  ки сипарӣ мешавад, дар кишвари азизи мо Тоҷикистон ҳамчун хотироти неку ояндасоз  нақш баста,  дар саҳифаи таърих низ сабт мешавад. Ҳамасола дар мамлакати офтобрӯяи мо корҳои ободонию созандагии зиёде сурат мегирад ва рӯз аз рӯз сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар мегардад.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ чун дигар манотиқи шаҳру навоҳии мамлакат  рӯ ба рушд буда, дар асоси нақшаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони 115 иншоотҳои таъиноташон гуногун корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба маром ҷараён дорад.

Дар қиёс бо солҳои қаблӣ  аз соҳаи маориф то соҳаи тандурустӣ дар ҳудуди ноҳия  як қатор иншоотҳои наву замонавӣ сохта шудаанд, ки ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ,  бартараф намудани камбуди ҷойи нишаст мусоидат намуда, инчунин сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар карда шудааст. Деҳқонон ва аҳли заҳмати ноҳия бо истифода аз таҷрибаи кории худ дар соҳаи кишоварзӣ дар миёни замини сахту сангрезаи Кӯҳистон ,  аз  анвои зироатҳои  гуногуни кишт шуда, ҳосили хуб  ба даст оварда истодаанд.

Сокинони заҳматқарини ноҳия соли2023 ро бо дастовардҳои арзанда дар тамоми самтҳои фаъолият ҷамъбаст намуданд.

Аҳли заҳмати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли 2024 барои расидан ба ҳадафҳои ҳукумати мамлакат ва иҷрои  дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз  санаи 28 уми декабри соли 2023  ироа намуданд, тамоми кушишу заҳмати худро равона месозанд, то ҷашни 35 солагии Истиқлоли меҳани азизамонро бо дастовардҳои созандагиву бунёдкорӣ сазовор пешвоз гиранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо бо фарорасии соли нави мелодии 2024 табрику таҳният гуфта бароятон саломатии бардавом ва рӯзгори орому осуда хони пур аз нозу неъмат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам Умедворам, ки соли нави мелодӣ чун солҳои қаблӣ соли бобарор ва пур аз комёбиҳо  бошад.

 

СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024 МУБОРАК ,  ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!