АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

0
9

Дар арафаи омад- омади соли нави мелодии 2024 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло сарбозони қисми низомии 0229- Қӯшунҳои сарҳадӣ Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия бударо, аёдат намуд.

Зимни аёдат Раиси ноҳия сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкурро ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2024 табрик намуда иброз дошт, ки  афсарону сарбозон муҳофизони боэътимоди ватан буда,  хизмати онҳо  барои таъмини амнияти суботи мамлакат муҳим мебошад. Ҳамчунин таъкид кард, ки ки солҳои охир бо дастгириҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми шароитҳои буду бош фароҳам оварда шуда, илова бар ин тибқи дастури Роҳбари давлат сарбозону афсарон дар ҳама ҳолат ва дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо ба ғамхори фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин дар арафаи соли нав барои афсарону сарбозон маводҳои гуногуни озуқаворӣ аз қабили гӯшт, равған, бринҷ ва дигар анвои хӯрока дастрас карда гардида, дар баробари ин ба муносибати соли нави мелодии 2024 дар қисми низомӣ дастурхони идона ороста шуда, инчунин ҳадяҳои солинавӣ ба сарбозон тақдим карда шуд .

«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»