БАРОДАРОНИ НЕКСИРИШТУ НАКЎНОМ
Бахшида ба зодрӯзи 120 солагии Ибодулло Оқилов ва 110 солагии Саъдулло Оқилов
Дар барқарор намудан ва рушди низоми нави шўравии сотсиалистӣ дар Тоҷикистон родмардони мастчоҳӣ низ саҳми босазо гузоштаанд.
Аз байни онҳо корномаи бародарон Ибодулло ва Саъдулло Оқиловҳо, ки аввалин хатмкунандагони мактаби сохтораш нави деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буданд, шоистаи ибрату таҳсин буда, ба туфайли меҳнати ҳалол, масъулиятшиносии амиқ ва дурандешиву хоксориашон дар байни мардум ангуштнамо буданд.Ҳарчанд эшон солиёни зиёд аст, ки дар олами абад хуфтаанд, ному амали солеҳашон дар дилу ёдҳо зинда аст. Фаъолияти кории ҳар дуи онҳо аз пешаи наҷиби омўзгорӣ оғоз ёфтааст. Бародари калонӣ Ибодулло Оқилов баъди гирифтани хатту саводи кофӣ ва хатми курси муаллимтайёркунӣ дар шаҳри Ўротеппа (Истаравшани кунунӣ) омӯзгори мактаби деҳа таъин мешавад. Бо ҷаҳди ӯ соли 1927 аввал дар деҳаи Оббурдон ва баъд дар чанд деҳаи дигар мактабҳои нави шӯравӣ ташкил шуданд ва мавсуф то соли 1930 дар соҳаи маориф кор кард.
Бародари хурдӣ Саъдулло Оқилов бошад, баъди хатми мактаби ибтидоии деҳа соли 1931 ба мактаби фирқа ва шўрои шаҳри Ўротеппа шомил гашта, соли 1933 онро бо баҳои аъло хатм намуд. Пас аз он шаш моҳ котиби шӯрои деҳаи Оббурдон буд ва аз моҳи октябри соли 1933 то моҳи августи соли 1939 ба ҳайси омўзгор ва сарвари мактаб фаъолият дошт. 25-уми августи соли 1939 С. Оқилов мудири шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Мастчоҳ таъин мешавад. Ў яке аз аввалин омўзгорони мастчоҳӣ буд, ки бо укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС бо медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шудааст. Соли 1940 Саъдулло Оқилов мудири шуъбаи ташкилию инструктории кумитаи ноҳиявии ҳизб ва соли 1941 раиси комиҷроияи ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид ва то охири умр дар ин вазифа буд. Ў мутаассифона, дар авҷи фаъолияти давлативу иҷтимоиаш дар таърихи 25-уми августи соли 1946 ба таври фоҷиавӣ дар садамаи нақлиётӣ ҳалок гардид.
Баъди андӯхтани таҷрибаи фаровони омўзгорӣ фаъолияти минбаъдаи ҷамъиятии Ибодулло Оқилов пурсамартар шуд. Қобилияту кордонии ўро ба назар гирифта, солҳои 1930-1932 мудири шуъбаи молияи ноҳияи Мастчоҳ ва баъдан намояндаи КМ ҲК(б) Тоҷикистон дар болооби Зарафшон таъин намуданд. Он солҳо дар байни баъзе одамони норизо аз сохтори нав ва гурӯҳҳои ошӯбгар кор кардан хеле хатарнок буд. Лекин И.Оқилов аз ин душвориҳо наҳаросида, барои барқарор намудани сохторҳои давлатӣ дар болооби Зарафшон саҳми босазое гузошт. Натиҷаи самарабахши фаъолияти И.Оқиловро ба назар гирифта, ӯро соли 1932 барои таҳсил ба Дорулфунуни коммунистии Осиёи Миёна (САКУ) ба шаҳри Тошканд фиристоданд. Соли 1935 ӯ баъди хатми бомуваффақонаи ин дорулфунун ба Тоҷикистон баргашта, дар вазифаи ҷонишини директори стансияи мошинӣ-трактории ноҳияи Қизил Мазори вилояти Кулоб, мудири шуъбаи молияи ноҳия ва баъдан раиси комиҷроияи ноҳияи Қизил-Мазор то соли 1939 адои вазифа намуд.
Баъди пурра барқарор намудани ҳокимияти шӯравӣ ва инкишофи сохторҳои нав Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз ёфт. Дар он солҳо дар маҳалҳо шахсоне зарур буданд, ки иродаи қавӣ дошта бошанд ва дар байни мардум рӯҳияву бовариро баҳри дӯст доштани ватан ва воҷиботи ҳифзи он қавитар гардонанд. Ба ҳамин мақсад И.Оқиловро аввал ҷонишини мудири шуъбаи молияи вилояти Кӯлоб ва баъдан котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Шӯробод таъин намуданд ва ӯ дар ин вазифаҳо то соли 1942 кор кард. Пас аз он тайи солҳои 1942-1945 дар вазифаи котиби кумитаи ҳизбии вилояти Ғарм ва солҳои 1945-1947 котиби аввали кумитаи ҳизбии вилояти Ғарм иҷрои вазифа намуд. Он солҳо вазъи зиндагӣ барои мардуми кўҳистон хеле мушкил буд. Таъмини майдони ҷанг бо озуқа, муҳайё намудани шароити зиндагии осудаи мардуми маҳал, сафарбаркунии қувваҳои нави ҷангӣ ба майдони муҳорибаҳо аз зумраи маъалаҳои асосии ҳамондавраина буданд. Ибодулло Оқилов, ки дорои таҷрибаи кофии кору зиндагӣ буд, аз уҳдаи иҷрои масоили зикршуда хуб баромада, дар дили мардуми кўҳистони ин минтақа роҳ ёфта тавонист. Аз ин рӯ, маҳз дар ҳамин давраи фаъолияташ бо ордени «Нишони фахрӣ» ва ду Ифтихорномаи Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.
Банда донишҷўи УДТ ба номи В.И.Ленин (алъон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) будам ва боре барои вохўрӣ бо дўстон ба чойхонаи «Роҳат» рафтам. Рӯи кате мӯйсафеде танҳо нишаста буд ва бо мақсади баҳраманд шудан аз суҳбати ин марди зиндагидида иҷозат пурсида, дар паҳлӯяш нишастам. Ба чеҳраи мӯйсафед нигаристам, хеле хаста менамуд. Маълум буд, ки гардиши рӯзгор барояш беасар намондааст. Баъди салому ҳолпурсӣ ба расми маъмули тоҷикон аз куҷо буданамро пурсид. Гуфтам, ки зодаи Мастчоҳ буда, алъон дар Душанбе донишҷў ҳастам. Мӯйсафед боз пурсид, ки падару модарат дар кадом деҳа зиндагӣ мекунанд? Ҷавоб додам, ки дар деҳаи Оббурдон. Баъд ин ҷавоб чеҳрааш дигаргун шуда гуфт, ки Ибодулло Оқиловро мешиносӣ? Гуфтам: -Бале.
Мӯйсафед аз ҷо бархосту аз нав ҷонибам оғӯш кушода, бо самимияти афзун салом ва ҳолпурсӣ намуд. Баъд нишасту ба суҳбаташ идома дод. Минҷумла гуфт, ки солҳои охири Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои мардуми кўҳистони Қаротегин (Рашти кунунӣ) хеле вазнин буд. Даҳшати ҷанг аз як тараф, аз тарафи дигар пайиҳам 5 сол ҳосили дарахтонро хунук задан зиндагии мардумро мушкил гардонида буд. Дар ҳамин ҳангом Оқиловро котиби обком таъин намуданд. Дар мавсими тирамоҳ аз ҷое ғалла қарз гирифта овард ва ба мардум тақсим карда дод ва мо онро ҳам дар заминҳо коштему ҳам дар осиё орд карда, то тобистон нон хӯрдем. Тобистон ҳосили зиёде гирифта, ҳам қарзи гандуми гирифтаамонро додему ҳам зиндагии баъдинаамонро барои соли оянда таъмин намудем. Агар ӯ намешуд, мумкин буд, ки мардуми зиёде аз гуруснагӣ ҷон ба ҳақ таслм мекарданд. Оқилов ана ҳамин хел марди халқдўст ва ғамхори мардум буд.
Нақли мӯйсафедро шунида, пеши назарам чизи дигар ҷилвагар мешуд. Аз воқеаи аз сари мӯйсафед гузашта 35 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, бо некиву меҳрубонӣ аз фидокориҳои ҳамдиёрам И. Оқилов ёдовар мешуд, ки бароям хеле гуворо ва мояи ифтихор буд. Барҳақ, афроди наҷиб дар ҳар ҷо бошанд, номи неку кори некашон вирди забонҳо мегардад.
Ибодулло Оқилов соли 1947 бо хоҳиши худ ба диёрии аҷдодиаш баргашта, то соли 1952 ба ҳайси котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияи Мастчоҳ кор кард ва таҷрибаи фаровони андӯхтаи кориашро баҳри ободии ин минтақаи дурдасти кўҳистон сарф намуд. Ӯ солҳои 1953-1956 ҷонишини раиси комиҷроияи ноҳияи Мастчоҳ ва аз соли 1956 то соли 1962 (то ба нафақа баромадан) мудири шуъбаи муҳоҷиркунии вилояти Ленинобод (Суғди кунунӣ) буд. Дар ҳамон давра маъракаи кўчонидани мардум барои ободгардонии дашти Дилварзин оғоз шуда буд. И. Оқилов моҳияти ин амалро ба мардум дуруст фаҳмонида, барои кўчидани онҳо ба дашти Дилварзин кўмаки амалӣ мерасонд. Ў бо ҳамдастии ҳамкоронаш Бобохон Ҳамдамов, Насим Салимов, Саидшоҳ Шосаидов тавонистанд, ки мардумро ба ин макони нообод сафарбар намуда, ноҳияи нави Мастчоҳро дар дашти Дилварзин ташкил намоянд.
Баъди ба нафақа баромадан ҳам инсони покдил, ростқавл ва ватандўст И.Оқилов ҳамеша ҳамдами мардум буд ва ба онҳо маслиҳатҳои судманд медод. Рўзноманигори маъруф Охун Сафаров дар дафтари хотироташ лаҳзаи аҷиберо ёдовар шудааст, ки зикри онро лозим медонем. “Боре раҳматии Ибодулло бо ҳолати асабонӣ ба идораи рўзномаи «Машъал» даромаданд. Баъди ҳолпурсӣ гуфтанд, ки дар маҷлис иштирок доштед? Гуфтем, ҳа. Гуфтанд: -Дидед чӣ хел як порахӯр дар бораи пешгирии порахӯрӣ гап зад?! Инро дар рўзномаатон нависед, шумо агар нанависед, кӣ менависад!
Лекин мо ҳам хомўш мондему нанавиштем. Чунки дар бораи мансабдори порахўр навиштан хело мушкил аст. И.Оқилов ана ҳамин хел то охири умр чун инсони посдори манфиату халқу давлат боқӣ монда буд.”
Аз замони ба олами ҳастӣ омадани ин бародарони накӯном зиёда аз як аср гузашта бошад ҳам, номи неки онҳо дар байни мардум боқӣ мондааст. Имсол ба зодрӯзи Ибодулло Оқилов 120 сол ва бародараш Саъдулло 110 сол пур шуд. Баъд аз сари онҳо пайраҳаи накӯяшонро пайвандонашон шарафмандона идома медиҳанд. Фарзандону наберагони ин хонавода дар роҳи шукуфоии ватану давлати хеш содиқона хизмат кардаву имрўз ҳам дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо азми қавӣ дар ин ҷода гомҳои судманд мебардоранд. Шодравон Иноятулло Оқилов то ба нафақа баромадан ба ҳайси прокурори ноҳияи Нов (алъон Спитамен) фаъолияти пурсамар дошт, Ҳикматулло Оқилов пас аз хизмат дар сафи артиш то рӯзҳои охири зиндагиаш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия иқомат дошт, Сайфулло Оқилов бошад, то ба нафақа баромадан дар сохторҳои ҳизбиву давлатӣ кор кард. Аз сулолаи сеюми ин дудмон номзади илмҳои педагогӣ Нурулло Оқилзода солиёни зиёд дар вазифаҳои сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, раиси ноҳияҳои Мастчоҳ ва Кўҳистони Мастчоҳ фаъолият дошт ва ду навбат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва алъон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа менамояд. Набераи дигари ин хонадон Абдукарим Ҳикматов чандин сол раиси шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ва ноҳияи Мастчоҳ, инчунин директори генералии корхонаи воҳиди давлатии “Востокредмет” (ҳозира КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”) буд ва алъон давлати пирӣ меронад. Абдурасул Ҳикматов бошад, солиёни зиёд директори заводи пахтаи Мастчоҳ ва як навбат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хушбахтона, имрӯз ҳам набераву абераҳои зиёди хонадони бошарофати Оқилзодаҳо шоистаи номи неку кори неки аҷдоди накӯномашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар софдилона фаъолият мекунанд.
Раҳмон ҚОЗИЕВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон