ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КӮҲИСТОН

0
4

24-уми ноябри соли 2023 дар шаҳраки Меҳрон бахшида ба Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.

Чорабинии идона дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва бошандагони ноҳия ширкат доштанд.

Дар оғоз Раиси ноҳия ба сухан баромада, номаи табрикотии хешро ба муносибати 31-умин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кард. Зимни суханронӣ Раиси ноҳия гуфт ки:

–Парчами миллӣ дар миёни мардум бояд баробари дигар рамзҳои миллиамон азизу гиромӣ ва муқаддас бошад. Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳои Истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи орзуву ормонҳои чандинасраи ин миллати тамаддунсоз мебошад,–гуфт номбурда.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чанде аз роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, кормандони соҳа ва кормандони дигар бахшу соҳаҳои ноҳия бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мукофотонида шуданд.

Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ баромад карда, чорабиниро гуворо намуданд.

Саидвоҳиди Қосим