РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Табрикоти Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Хайрулло Бобозода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони шарафманди ноҳия табрик гуфта, орзу дорам, ки ин рамзи муқаддаси давлатдории миллӣ дар фазои сулҳу суботи Ватани азизамон ҳамеша парафшон бошад ва мардуми кишварро ба сӯйи ояндаи дурахшон ва музаффариятҳои нав ба нав раҳнамун созад.

Боиси таъкид аст, ки раванди давлатсозӣ ва қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар маҳз аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар оғоз гардид. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид».

Дар ин муддат таҳти парафшонии Парчами давлатӣ дар Ватани маҳбуби мо аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чандин иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифта, дар таҳкими иқтидори давлат ва рушди иқтисоди миллӣ нақши равшан гузоштанд. Гузашта аз ин, дар кишвари азизамон бо мақсади тақвият бахшидани эҳсоси милливу ифтихори ватандории мардум солҳои охир дар маркази шаҳру ноҳияҳо бунёд намудани майдони Парчам ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар тақвияти ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқат ба рамзҳои муқаддаси миллӣ мусоидат менамояд. Бо ин мақсад соли 2019 бо иштироки Пешвои муаззами миллат дар маркази ноҳия–шаҳраки Меҳрон Парчам ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ гардид. Ин боиси ифтихори кулли сокинони ноҳия мебошад.

Парчам нерӯи муттаҳидкунанда дошта, инъикосгари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мо махсусан ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти миллат аст, ки ба рамзи истиқлолу озодӣ, худогоҳию худшиносӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамеша арҷ гузорем. Зеро дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардум муқаддас аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чунки ҳар ҷо Парчам афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад.

Парчами миллӣ дар миёни мардум бояд баробари дигар рамзҳои миллиамон азизу гиромӣ ва муқаддас бошад. Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳои Истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи орзуву ормонҳои чандинасраи ин миллати тамаддунсоз мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ эҳсоси меҳанпарастиро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор месозад ва миллатро ба сӯйи фардои ободу озод раҳнамоӣ мекунад».

Орзу менамоям, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон аз рӯзи қабули он 31 сол сипарӣ гардид, дар фазои орому осудаи кишвари азизамон–Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад парафшон бошад.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқамонро ба қуллаҳои мурод расонад.

Дар охир рӯзи Парчами давлатиро ба тамоми сокинони ноҳия табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди ноҳия бахту иқбол, амнияту осоиш ва файзу баракатро орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!