КОНСТИТУТСИЯ САРЧАШМАИ ФАЪОЛИЯТИ МИЛИТСИЯ

Рӯзи 4-уми ноябри соли 2023 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ–шаҳраки Меҳрон ба ифтихори 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии идона доир карда шуд.

Чорабинӣ дар толори бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодирӣ Шермуҳаммад, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони милитсия, собиқадорон ва дигар масъулину фаъолон ҷамъ омада буданд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Раиси ноҳия ба сухан баромада, номаи табрикотии хешро ба муносибати 29-умин солгарди қабули Конститутсия ва Рӯзи милитсияи тоҷик ироа кард. Зимни баёни сухани табрикӣ Хайрулло Бобозода иди Конститутсия ва милитсияи тоҷикро ду иди ба ҳам тавъам хонда, Конститутсияро сарчашмаи асосии фаъолияти милитсия маънидод карда, аз ҷумла чунин гуфт:

–Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҳуҷҷати зинда ва стратегӣ инъикосгари равандҳо ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ин санади олӣ моро ба сӯйи дигаргуниҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, бояд дар заминаи меъёрҳои Конститутсия зиндагӣ ва фаъолият карданро рисолати худ дониста, дар партави нишондодҳои он амал намоем.

Дар идомаи суханронӣ кормандони мақомоти милитсияро ба муносибати иди касбияшон табрик намуда, доир ба фаъолияти корнамоиҳои ин сохтори қудратӣ дар мамлакат бахусус дар барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ҳиссаи кормандони мақомоти милитсия дар масири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар кишвар ёдовар шуда, нақши милитсияи тоҷикро муҳим арзёбӣ кард.

–Милитсияи тоҷик дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат санҷишҳои талхи таърихиро паси сар намуда, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузошта, борҳо исбот намудаанд, ки барои онҳо арзишҳои Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат волою муқаддасанд.

Баҳри барқарорсозӣ, мустаҳкам намудани сохти конститутсионӣ ва пояҳои давлатдории демократии имрӯза ҷон нисор намуданд, ки номи неки онҳо дар хотири мардум абадӣ нақш бастааст.

Шуҷоату далерии ҳар яки ин родмардон дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва устувор гардонидани суботу осоиш ва оромии ҷомеа намунаи олии садоқату матонат нисбат ба давлату миллат ва Ватан арзёбӣ мегардад, гуфт Раиси ноҳия.

Сипас, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Нодирӣ Шермуҳаммад ба сухан баромада, Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 29-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи милитсияи тоҷик ироа кард.

Ҳамчунин сардори ШВКД-и ноҳия Муҳаммад Умаров суханронӣ карда, ҳозирин ва ҳамкорони хешро ба муносибати иди Конститутсия ва Рӯзи милитсияи тоҷик табрик намуд.

Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ва Иди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чанде аз кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ва собиқадорони соҳа бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии идонаи хеш баромад намуда, чорабиниро гуворо карданд.

Саидвоҳиди Қосим