Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
6

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин намуда, кафили баробарҳуқуқии шахс, озодӣ, дӯстии тамоми халқу миллатҳо мебошад, ба кулли сокинони шарафманди ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи шумо хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду муваффақиятҳои бепоён орзумандам.

Ин санади муҳими тақдирсози миллат 6-уми ноябри соли 1994 дар марҳалаи душвор ва барои миллат тақдирсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, имконият фароҳам овард, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу субот барқарор шуда, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ҳукмрон ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври равшан нишон дода шудааст.

Ба шарофати қабул гардидани ин санади муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа Тоҷикистони сиҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли муаммову мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Мо бояд ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиш ба харҷ диҳем».

Имрӯз ба санаи таърихии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон 29 сол пур мешавад. Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд мебошад. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандон нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз беҳтарин санадҳои олии ҳуқуқӣ эътироф шуда, дар он ҷанбаи башардӯстӣ мавқеи аввалиндараҷа ва асос дорад ва ҳимояи инсон, ҳуқуқу озодиҳои фитрии ӯ мақсади асосӣ эълон шудааст.

Чуноне, ки дар моддаи якуми он омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Маҳз бо ҳамин сабабҳо дар муддати басо кӯтоҳ Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 5 Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардид. Он собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ба арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.

Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар ҷомеа сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлол машғул аст. Ба шарофати Конститутсия ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушод ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҳуҷҷати зинда ва стратегӣ инъикосгари равандҳо ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ин санади олӣ моро ба сӯйи дигаргуниҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, бояд дар заминаи меъёрҳои Конститутсия зиндагӣ ва фаъолият карданро рисолати худ дониста, дар партави нишондодҳои он амал намоем ва ба пешрафту тараққиёт ва саодати бештар даст ёбем.

Ҳисси ифтихору ватандӯстӣ ва ватанпарастии миллати тоҷик аст, ки дар давоми ин солҳо ба дастовардҳои муҳим шарафёб гашт. Имрӯз месазад, ки ҳар як шаҳрванди ноҳия ба Конститутсия эҳтиром оварда, баҳри рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳмгузор бошанд.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар сокинони заҳматкаши ноҳияро ба ифтихори рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар Ватани азизамон сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!