ИҚДОМИ НЕК ДАР МАСИРИ ОБОДОНИИ РОҲҲО

0
4

Тибқи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва нақшаи тасдиқнамудаи МНДРА-и ноҳия роҳҳои дар ихтиёри муассиса буда барои давраи зимистони солҳои 2023-2024 тахту ҳамвор карда мешаванд.

Дар ин бора сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муллонеъмат Қозиев ба «Паёми Кӯҳистон» хабар дод. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки дар марҳилаи аввал мо аз даромадгоҳи ноҳия то марказ роҳро тахту ҳамвор менамоем. Дар баробари тоза намудани роҳҳои асосӣ ва дар ихтиёри МНДРА-и ноҳия буда мо корбарӣ карда истодаем. Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва шахсони саховатпеша роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ доштаро низ тоза менамоем. Ҳамчунин баҳри бехатар рафтуомади мусофирон ба ноҳия дар фасли сармо маводҳои зидди лағжиш омода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди ноҳия беш аз 300 километр роҳҳои асосию аҳамияти маҳаллӣ дошта мавҷуд буда, аз ин 151 км. роҳ дар ихтиёри МНДРА-и ноҳия мебошад. Шурӯъ аз ҳафтаи гузашта корманди муассиса корро оғоз карда, тибқи иттилои муассиса аз даромадгоҳи ноҳия то деҳаи Самҷони ҳудуди ҷамоати деҳоти Лангар роҳи асосӣ тахту ҳамвор карда мешавад.

«Паёми кӯҳистон»