ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КИШТИ КАРТОШКА

0
2

Тибқи дурнамои кишт соли ҷорӣ кишоварзон ва меҳнаткашони ноҳия бояд беш аз 100 ҳазор тонна картошка истеҳсол намоянд ва ҳосили имсола умедворкунанда ба назар мерасад.

Санаи 6-уми уми октябр Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода аз рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лангар дидан кард. Зимни шиносоӣ аз рафти ҷамъоварии ҳосили картошка аз деҳаҳои Валиғонд ва Истошон Раиси ноҳия бо деҳқонон сӯҳбати сарироҳӣ анҷом дод. Аснои боздид ва вохӯрӣ бо деҳқонон Раиси ноҳия ба аҳли заҳмат дастур дод, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳарчӣ зудтар дастранҷи хешро бидуни талафот ҷамъоварӣ намоянд. Ҳамчунин дар баробари ҷамъоварии ҳосили картошка барои соли баъдӣ тухмиҳои хушсифатро захира карда, заминҳоро барои кишти соли оянда омода намоед, таъкид кард Раиси ноҳия.

Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили картошка бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Тибқи мушоҳидаҳо ҳосили имсолаи картошка умедворкунанда ба назар мерасад.

Бояд гуфт, ки Кӯҳистони Мастчоҳ аз зумраи ноҳияҳои истеҳсолкунандаи картошка ба ҳисоб рафта, картошкаи ин гӯшаи кӯҳсор дар бозори мамлакат номдору машҳур ва харидорони зиёд дорад.

Ҳамчунин деҳқонон ва аҳли заҳмати ноҳия дар парваришу омода намудани картошка маҳорату малакаи хуб дошта, ҳамасола бозори мамлакатро бо картошкаи хушсифат таъмин менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дурнамои кишт соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 3042,4 га кишти картошка ба роҳ монда шуд. Мувофиқи маълумоти бахши кишоварзии ноҳия майдони кишт мувофиқи дурнамо сад фисад иҷро карда шуда, тибқи он бояд имсол аз ин теъдод майдони кишт беш аз 106 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда шавад. Тибқи санҷишҳо ва мушоҳидаҳои мутахассисони кишоварзӣ ҳосилнокии интизории биологии картошка хуб буда, дар соли ҷорӣ аз 350 то 400 сентнерро ташкил медиҳад.

Ҳамасола аз оғози моҳи сентябр ҷамъоварии ҳосили картошка дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шурӯъ мешавад. Аҳли заҳмат ва деҳқонони ноҳия то ба имрӯз беш аз 66 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд.

Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҳудуди ноҳия ҷараён дошта, умед аст, ки кишоварзон ва заҳматкашон ҳосили фаровони бадастомадаро беталаф ҷамъоварӣ менамоянд.

Саидвоҳиди Қосим