Таҷлили ҷашни Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгорон
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди касбии омӯзгорон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабинии идона доир гардид.
Чорабинии идона дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон, собиқадорони соҳаи маориф ва дигар фаъолон ширкат доштанд.
Нахуст Раиси ноҳия ба сухан баромада, аҳли нишаст ва кулли сокинонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, инчунин омӯзгоронро ба Иди касбияшон таҳният гуфт. Зимни баёни сухани табрикӣ доир ба Иди забон Хайрулло Бобозода аз таърихи пуршебу фарози забони тоҷикӣ ва бо гузашти қарнҳо то ба мо поку беолоиш омада расидани забони модарӣ, инчунин ҳифзу гиромидошти забони модарӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ишора карда, чунин гуфт:
–Забони модарии ҳар як миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, меҳвари асосии илҳом ва таҳарруку ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии аҳли зиё ва равшанфикрони он мебошад. Далел ва санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат зиндаву пойдор мондани забони модарии он мебошад. Забони тоҷикӣ санади раднопазири истиқлоли миллии мост. Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли миллӣ бидуни забони модарӣ тасаввурнопазир аст. Муҳаққиқони ҷомеашинос дар эҷоди ваҳдати миллӣ забон ва ваҳдати забониро дар қатори нажод, фарҳанг ва авомили дигар яке аз аслҳои асосии ваҳдати миллӣ донистаанд.
Дар идомаи сухани табрикӣ Раиси ноҳия омӯзгоронро ба муносибати Иди касбияшон табрик намуда, касби омӯзгориро басо пурзаҳмату бошараф, сарчашмаи илму маърифат ва ташвиқгари аслии забон хонд. Аз ҷумла гуфт, ки шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозуъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Ранҷу машаққат ва заҳматҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли наврас таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад. Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия иброз дошт, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеъа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти авалиндараҷа дода мешавад.
Дар росто Роҳбари ноҳия аз омӯзгорон ва собиқадорони соҳа даъват ба амал овард, ки бо истифода аз таҷриба ва маҳорату малакаи хеш, инчунин шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи имрӯза самаранок истифода бурда, таълиму тарбияи насли наврасро ҷоннок карда, бахусус дар омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ аҳамияти бештар равона намоянд.
Дар ин чорабинии идона чанде аз омӯзгорони фаъолу бомасъулият ва собиқадорони соҳа барои фаъолияти пурсамар бо сипоснома ва мукофотпулиҳо дар арафаи Иди касбӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар охир чанде аз хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҳамбастагӣ бо дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия суруду таронаҳоеро, ки тараннумгари васфи ватан, забон ва омӯзгор буданд, пешкаш ва чорабиниро гуворо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 36 муассисаи таълимӣ аз ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 1 мактаб-интернат амал мекунанд, ки дар ин муассисаҳо 5726 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Саидвоҳиди Қосим