БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ

Санаи 7-уми октябри соли 2023 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давоми нӯҳ моҳи соли равон доир гардид.

Дар ҷаласа Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Сулаймон Қосимзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия ширкат доштанд.

Дар маҷлис нахуст муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми нӯҳ моҳи соли 2023 муфассал ҳисобот дода, қайд кард, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли равон (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) панҷ миллиону 24 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он панҷ миллиону 206 ҳазору сесад сомонӣ таъмин шудааст, ки ин рақам аз нақша 182,3 ҳазор сомонӣ зиёд ё худ 103,6 фоиз иҷро шудааст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад, бисту шаш миллиону яксаду сиюпанҷ ҳазору ҳафтсад сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷрои он бисту панҷ миллиону 948 ҳазору ҳаштсад сомонӣ таъмин гардид.

Маблағи қарзи андоз дар ноҳия 168,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли ҷорӣ 9,8 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Нақшаи андози суғуртаи иҷтимоӣ 215,8 ҳазор сомонӣ буда, иҷрои он 224,1 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 103,8 фоизи нақшаро дарбар мегирад. Нақшаи андози иҷтимоӣ чор миллиону 283-ҳазору 700 сомониро ташкил дода, иҷрои он чор миллиону 369 ҳазор сомонӣ таъмин шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 102 фоизро дарбар мегирад. Қарздорӣ дар самти пардохти маблағҳо дар бандҳои ҳимояшавандаи қисми хароҷоти буҷет дар ноҳия вуҷуд надорад. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия музди миёнаи меҳнат 1168,97 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 253 сомонӣ ё 27,6 фисад зиёд мебошад.

Дар идома доир ба Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025 ва раванди иҷрои он, доир ба нақшаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, оид ба фазои сармоягузорӣ, рушди саноат, сохтмон, энергетика, инфрасохтор ва нақлиёт, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, рушди сайёҳӣ, оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, масъалаҳои баробарии гендерӣ, ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, хизматрасониҳои коммуналӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои муҳим ҳисобот дода шуд.

Ҳамчунин, баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давоми нӯҳ моҳи соли 2023, масъалаи ҳалли мушкилоту норасоиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо низ ба миён гузошта шуд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сулаймон Қосимзода низ дар ҷаласа суханронӣ намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро дар давоми нӯҳ моҳи соли 2023 хуб арзёбӣ карда, изҳори умед намуд, ки масъулин ва фаъолони ноҳия минбаъд низ дар ҳамбастагӣ кору фаъолият намуда, ҷиҳати боз ҳам ба дастовардҳои назаррас ноил шудан корбарӣ менамоянд.

Дар охир Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода суханронӣ карда гуфт, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, сол аз сол бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо шуда истодааст. Натиҷа ва дастовардҳое, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ба даст овардем, ин ҳама маҳсули меҳнати ҳар яки мову шумо масъулину фаъолон мебошад.

Инчунин, Раиси ноҳия доир ба масъалаҳои тарбияи дурусти насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, пешгирии аҳолӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, корбарӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии бетелафи ҳосили имсола, захираи дусолаи маводи озуқаворӣ, омодагии аҳолӣ ва муассисаҳои таълимию тандурустӣ ба давраи зимистон ва дигар масъалаҳои мубрам ҳарф зада, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру вазифагузориҳои мушаххас дод.

«Паёми кӯҳистон»