ЗОДРӮЗ МУБОРАК, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

0
4

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Шуморо ба муносибати зодрӯзи шодрӯзатон аз номи мардуми меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ самимона шодбош менамоем.

Мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ заҳмату талошҳо ва ғамхориҳои беназири Шуморо дар масири рушду ободонии мамлакат, бахусус обод сохтани як гӯшаи кӯҳсору дурдасти мамлакат, яъне ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қадрдонӣ менамоянд. Ин аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Шумо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъсис ёфта ва рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст.

Самараи ташаббус ва дастгириҳои созандаи Шумо дар масири ободонию созандагист, ки имрӯзҳо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва муҳассилину омӯзгорони ноҳия дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар биноҳои барҳавову замонавӣ кору фаъолият ва таҳсил доранд. Ҳамчунин сол аз сол соҳаи тандурустии ноҳия рушд карда истода, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Ин ҳама гуфтаҳо натиҷаи таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Шумо, муҳтарам Пешвои муаззами миллат мебошад.

Мардуми сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сиёсати пешгирифтаи Шуморо дар масири давлатдорӣ, ташаббусҳои Шумо дар масири ободонию созандагӣ, алалхусус ташаббусу пешниҳодҳои ҷаҳонии Шуморо самимонаю якдилона дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо, муҳтарам Пешвои муаззами миллатро ба муносибати 71-умин солгарди баҳори умратон самимона шодбош гуфта, бароятон рӯзгори хушу босаодат, тансиҳатӣ ва умри бобаракатро таманно дорем.

Зодрӯзи шодрӯзатон мубораку фархунда бод, Пешвои муаззами миллат!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ