Номаи табрикотии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Рӯзи забони давлатӣ таҷлил шуда истодааст.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 2009, баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин сана ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар кишвари мо ботантана таҷлил карда мешавад.
Забони давлатӣ дар ҳама давру замонҳо забони давлатдорӣ буд, ки яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони истиқлолият низ маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати бузурги куҳанбунёд нақши муҳим мебозад. Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ ва робитаи дипломатӣ қарор гирифта, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва нишони ҳамдилии тамоми миллати тоҷик шинохта шудааст.
Забони модарии ҳар як миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, меҳвари асосии илҳом ва таҳарруку ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии аҳли зиё ва равшанфикрони он мебошад. Далел ва санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат зиндаву пойдор мондани забони модарии он мебошад. Забони тоҷикӣ санади раднопазири истиқлоли миллии мост. Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли миллӣ бидуни забони модари тасаввурнопазир аст.
Муҳаққиқони ҷомеашинос дар эҷоди ваҳдати миллӣ забон ва ваҳдати забониро дар қатори нажод, фарҳанг ва авомили дигар яке аз аслҳои асосии ваҳдати миллӣ донистаанд.
Донистани забони давлатӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони Истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад».
Бояд тазаккур дод, ки пешоҳанг ва ташаббускори ҳама ин иқдоми наҷиб дар робита бо забони давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин роҳи басо душвор дар даврони Истиқлолият аз худ хидмату заҳматҳои зиёдеро ба харҷ додаанд ва имрӯз низ барои амалӣ намудани ҳадафҳои наҷиб дар роҳи ҳифз ва эҳёи яке аз арзишҳои миллӣ пайваста азму талош менамоянд.
Набояд фаромӯш кард, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имрӯз натанҳо дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷии мо низ истифода мешавад. Бо ин забон санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ба имзо мерасад. Осори илмиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума карда мешаванд. Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст.
Барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд. Бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили Ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт. Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувият ва фарҳанги миллии худро ҳифз ва гиромӣ дорад.
Фаромӯш набояд сохт, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд.
Яке аз хизматҳои бузурги донишмандони мо ҷуз таълифи осор, ба вуҷуд овардани истилоҳоти илмӣ ба забони модарӣ дар соҳаҳои гуногуни илми забони хеш мебошад. Забони мо дар мақоми забони илм низ таҷрибаи тӯлонӣ дорад, ки инро осори илмии гузаштаи мо бо он ҳама шуҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит намудааст.
Таърихи ташаккули давраи нави забони мо, ки аз асрҳои ҳаштум ва нӯҳуми мелод оғоз меёбад, аз оғози ташаккулаш ҳамчун омили пайвандгари ҳама мардуми ин қаламрави бузург қарор гирифтааст. Забони мо дар мақоми забони давлатӣ ва расмӣ пеш аз замони Сомониён низ собиқаи бисёр тӯлонӣ ва таърихӣ дорад. Гузаштаи он дар се давраи таърихи ташаккулаш бо давлатҳои мутамаддини Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён марбут аст.
Таърихи башарият ва махсусан, таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳд мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам сохтани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии марзу буми хеш корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.
Моро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, забони мо ва таърихи гузаштаи он дар ҳама давру замон мояи ифтихор, омили асосӣ ва ҳамбастагии миллати мо мебошад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, рӯзгори хушу осударо орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!