МАШВАРАТ ОИДИ ДАЪВАТ ВА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

0
2

Бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-юми октябр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварда, бо масъулину фаъолони ноҳия вохӯрӣ анҷом дод.

Ин вохӯрӣ дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Ҳукумати мамлакат, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода ва масъулину фаъолони ноҳия ширкат доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин аз ҷумла даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2023-2024 ва таъмини ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ бо маводи сӯхт, ҷамъоварии беталафи ҳосил бахусус картошка ва корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баррасӣ карда шуданд.

Нахуст оиди масъалаҳои мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулини ноҳия пурсиш ба амал овард. Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи нақшаи зимистонгузаронӣ сари вақт корбариро ба роҳ монда, нақшаи мазкурро пурра иҷро намудааст. Аз ҷумла, муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшу сохторҳои ноҳия бо маводи сӯхт таъмин карда шуда, барои бе мушкилӣ баровардани давраи зимистони солҳои 2023-2024 омода мебошанд.

Сипас, масъалаи давъати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ батартиб баррасӣ карда шуд.

Дар охир аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳия ба масъулину фаъолон доир ба иҷрои саривақтии нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2023-2024, беталаф ҷамъоварии ҳосил, боз ҳам густариш додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 35-солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия дастуру вазифагузориҳои мушаххас дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин вохӯриҳо бо сокинону фаъолони ноҳия идома дорад.

“ПАЁМИ КӮҲИСТОН”