Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба Иди касбии омӯзгорон

0
3

Омӯзгорони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, ба шумо дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно дорам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа ва махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Дар Паёми Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад. Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод, муаллим ва омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз ҷилои хуршед аст.

Шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозуъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Ранҷу машаққат ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли шоиста таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад. Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзонад.

Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накукорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат, нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад.

Ҳозирини гиромӣ! Дар ноҳия 36 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки аз онҳо 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 1 мактаб-интернат бо фарогирии 5726 нафар хонанда ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд. Дар 9 моҳи соли равон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1 адад тахтаи электронӣ, 3 компютер ва 2 адад принтер таъмин гардиданд. Миқдори умумии компютерҳо дар ноҳия ба 328 адад ва принтерҳо ба 70 адад расонида шудааст.

Соли равон 439 нафар хонанда муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм намуда, 19 нафар тибқи Квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил гардида, 268 нафар ба маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои худро супориданд ва аз ин шумора 124 нафар ба муассисаҳои олии кишвар дохил гардиданд.

Дар соли ҷорӣ дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз ба 30 нафар собиқадори соҳаи маорифи ноҳия ба маблағи 7300 сомонӣ ёрии яквақтаи моддӣ расонида шуд. Ин иқдом боиси ҳавасмандии кормандони соҳаи маорифи ноҳия гардида, сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия рӯз ба рӯз беҳтар гардида истодааст.

Омӯзгорони азиз!

Ҳамаи шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад.

Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимӣ шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад.

Барои расидан ба ин ҳадаф ба шумо, омӯзгорон, пирӯзиву комёбиҳо орзу менамоям. Умед дорем, ки шумо омӯзгорону устодон, рисолати хешро минбаъд низ софдилона ва содиқона ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳми муносиб гузошта истодаед ва минбаъд низ мегузоред.

Дар ин ҷода ба ҳар яки шумо муваффақият ва дар таълиму тарбияи насли наврас барору комёбҳои беназирро таманно дорам.

Рӯзи омӯзгорон муборак!