Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ
Рӯзи 1-уми октябри соли 2023 дар шаҳраки Меҳрон–маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маросими гусели наваскарон доир гардид.
Ин маросим дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифт, ки дар он Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, кормандони комиссариати ҳарбӣ, наваскарон, раисони ҷамоатҳо ва волидайни наваскарон ҷамъ омада буданд.
Нахуст дар чорабинии тантанавии гусели наваскарон Раиси ноҳия суханронӣ намуда, таъкид кард ки хизмат мактаби бузурги мардонагӣ ва обутоби ҳаёт мебошад.
Бо дастгириҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шароити хизмат дар қисмҳои низомии мамлакат хеле беҳтар гаштааст. Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо моҳияти ин мактаби мардонагиро амиқан дарк карда, баҳри ҳимояи Модар-Ватан довталабона ҳозир шудаанд.
Дар фарҷоми суханронӣ ба ҳамаи ҷавононе, ки довталабона барои хизмати Модар-Ватан ҳозир шуданд, инчунин ба падару модароне, ки фарзандони хешро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардаанд, изҳори сипос намуд.
Сипас, падари даъватшавандае бо номи Шарифи Шарифзод, сокини деҳаи Оббурдон ба сухан баромад. Зимни баромад номбурда гуфт, ки ман дар баробари дигар падарони даъватшавандаҳо бо масъулияти баланд фарзандамро ба хизмати ҳарбӣ ба ҳимояи модар-ватан мефиристам. Имрӯз мо дар фазои сулҳу субот ва истиқлолу оромӣ умр ба сар мебарем. Ҳамарӯза ҷавонону родмардони ватан шабонарӯзӣ марзу буми моро ҳимоя мекунанд ва бигзор писари ман низ дар канори родмардони Ватан бар ҳимояи ин сарзамин камар баста, қарзи фарзандии хешро адо кунад, гуфт ӯ.
Дар идомаи маросими гусели наваскарон Раиси ноҳия ба хотири довталабона раҳсипор шудан ба хизмати ҳарбӣ ба наваскарон туҳфаҳо тақдим намуд.
Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии худ, ки фарогири сурудҳои ватандӯстона буданд, баромад карда, чорабинии тантанавиро гуворо намуданд.
Саидвоҳиди Қосим