Муборизаи дастҷамъона бар зидди зуҳуроти номатлуб

Санаи 27-уми сентябри соли 2023 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ваколатдори калони оперативии Шӯъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои шаҳри Панҷакент, ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо фаъолон ва масъулони ноҳия оид ба пешгирии шомилшавии аҳолӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бахусус, доир ба терроризму экстремизм вохӯри анҷом дод.

Дар вохӯрӣ Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, ваколатдори оперативии ШММЗҶМ дар гурӯҳи ноҳияҳои шаҳри Панҷакент ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани милитсия Саидакбар Шокирзода ва дигар фаъолону масъулони бахшу сохторҳои ноҳия ширкат доштанд.

Нахуст Саидакбар Шокирзода ба сухан баромада, доир ба вазъи ҷаҳони муосир, пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, амалҳои номатлуби терроризму экстремизм ва оқибатҳои нохуби ин гуна амалҳои номатлуб муфассал ҳарф зад. Номбурда иброз дошт, ки вазъи ҷаҳони муосир ҳамарӯза дигаргун ва мураккаб шуда истодааст. Бубинед, дар рӯи ҷаҳон ҳизбу ҳаракатҳои худхондаву манфиатҷӯи зиёде пайдо шудаву ба ҳар роҳу восита чӣ амалҳои номатлубе карда истодаанд. Бахусус, терроризму экстремизм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои иртиҷоии худхонда ба ҳар роҳу восита қишри ҷомеа, бахусус, ҷавонони ноогоҳро ба доми худ кашида, ба хотири манфиати хеш амнияти ин ё он давлатро ба хатар мегузоранд.

Тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта манъ мебошад. Мо дар замони тараққиёти технологияи иттилоотӣ қарор дорем. Бешубҳа, ин гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯю иртиҷоӣ ба воситаи интернет, алалхусус, шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба худ ҷалб карда, пайи иҷрои амалҳои номатлуби худ равона месозанд.

Имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоиста ба сокинони мамлакат, бахусус, рушду тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон саъю талош карда истодааст. Кишвари мо дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ рӯз аз рӯз обод шуда истодааст. Бинобар ин моро зарур аст ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем ва барои мубориза алайҳи ҳама гуна амалҳои номатлуб дастаҷамъӣ бояд мубориза барем, гуфт номбурда.

Сипас, Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода низ суханронӣ карда, доир ба хатарҳои рӯзафзуни замони муосир ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ибрози назар кард. Ҳамчунин, доир ба ин масъалаҳо аз ҷониби Раиси ноҳия ба масъулони идораву ташкилотҳо, имомхатибон, фаъолон ва дигар шахсони масъул, ки дар ҷамъомад иштирок доштанд, оиди корбарӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарбияи дурусти насли наврас, ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ва дигар масъалаҳои муҳим супориш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷиҳати пешгирии шомилшавии аҳолӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз ҷумла терроризму экстремизм нақша-чорабинӣ таҳия намуда, дар робита ба ин аз ҳисоби масъулону фаъолони ноҳия дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратии ноҳия 37 гуруҳи корӣ таъсис додааст. Гуруҳҳои корӣ тибқи вазифагузорӣ дар байни аҳолии ҷамоату деҳоти ноҳия мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

“Паёми кӯҳистон”