БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Рӯзи 26-уми сентябри соли 2023 дар шаҳраки Меҳрон–маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иҷлосияи 16-ум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия доир шуд.

Иҷлосия дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифта, дар кори он Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Насим Ҳоҷизода, вакилон ва дигар масъулону фаъолони ноҳия ширкат доштанд.

Дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин аз ҷумла, дар бораи эътироф намудани ваколати вакилии вакилони тозаинтихобшудаи маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаҳои интихоботии “Рогиф” №14 ва “Эсиз” №17, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023 №125 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024“ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳисоботи комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофии ноҳия ва дигар масъалаҳои пешбинишуда баррасӣ шуданд.

Пас аз баррасӣ ва пазируфтани вакилони тозаинтихоб аз ҷониби вакилони халқи ноҳия доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова ба сухан баромада, оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023, №125 дар назди вакилон муфассал ҳисобот дод. Номбурда зимни баромад гуфт, ки баҳри иҷрои саривақтии қарори мазкур, инчунин дар заминаи қарори Раиси вилояти Суғд қарори Раиси ноҳия ба тасвиб расонида шуда, дар асоси он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи чорабиниҳо иборат аз 23 бандро ба тасвиб расонидааст.

Ҳамчунин, ҳайати ситоди ноҳиявӣ оид ба зимистонгузаронӣ таъсис дода шуда, то ба имрӯз ин ҳайати ситод 5 маротиба ҷамъомад доир намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, таъмини фаъолияти муассисаҳо ва ташкилоту сохторҳои ноҳия дар давраи зимистон, беталаф баровардани чорво ва таъмини мунтазами роҳу нақлиёт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 корбариро дар сатҳи хуб ба роҳ монд. То ба имрӯз соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия нақшаи зимистонгузарониро пурра иҷро кардаанд.

Тибқи муқаррарот масъалаҳои рӯзномаи маҷлис батартиб баррасӣ карда шуданд. Тавре дар боло қайд кардем, яке аз масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ин номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ мебошад. Зимни баррасии ин масъала бо назардошти кору фаъолияташон ва дар асоси муқаррароти пешбининамудаи қонун ва бо пешниҳоди комиссияи номгузории МИҲД-и ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Пакшиф ба номи шоир ва рӯзноманигор Абдулло Фозил ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Валиғонд ба номи Назар Идиев гузошта шуда, ин пешниҳодот аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия низ пазируфта шуд.

Дар идомаи кори иҷлосия ҳисоботи вакилон ва пешниҳоду дархостҳои онҳо шунида шуд. Маҷмӯан пешниҳоду дархости вакилон оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии ноҳия, нигоҳубини роҳҳои автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати наклиёт дар тамоми фаслҳои сол ва боз ҳам густариши корҳои ободонию созандагӣ дар қаламрави ноҳия буданд.

Пас аз шунидани паёму дархости вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар Иҷлосияи 16-ум (даъвати шашум) Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода оид ба мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта, бартараф намудани камбудиҳо, саривақт иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, иҷрои саривақтии амру қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳам ҷоннок намудани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Саидвоҳиди Қосим