ШАҲРВАНДОНРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ БОЯД КАРД

Вохӯрии судманд дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

Санаи 18-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гурӯҳи корӣ аз маркази вилояти Суғд бо масъулину фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.

Бояд гуфт, ки бо ҳамин мазмун вохӯриву мулоқотҳо дар асоси нақшаи муштараки мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ-ташвиқотии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки аз 10-уми августи соли 2023 тасдиқ шудааст, сурат мегиранд.

Вохӯрӣ дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардида, дар он муовини якуми Раиси ноҳия Иноятулло Бурҳонзода, мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мухтор Толибзода, аъзои гурӯҳи таблиғот ва ташвиқоти МИҲД-и вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд МЭЛС Нурзод, корманди Шӯъбаи КДАМ-и ноҳия Аҳмад Ҳакимзода ва дигар масъулону фаъолон ширкат доштанд.

Дар ин дидор нахуст Мухтор Толибзода ба сухан баромада, доир ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Имрӯз авзои ҷаҳони муосир ва тараққиёти илму техника ба ҳамаи мову шумо маълум ҳаст, ки дар баробари дигар воситаҳо аз ҷумла, ба воситаи интернет ва ҳатто шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои ба мо бегона бурда истодаанд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар шароити арзанда зиндагӣ кардани ҳар як сокини мамлакат бахусус барои тарбияи ҷавонон саъю талоши худро равона кардаанд. Пас мо бояд ҷавобан ба ин дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат ҳамаҷониба бояд ҷавобгӯ бошем, гуфт мавсуф.

Сипас МЭЛС Нурзод ба сухан баромада, доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳарф зад.

Номбурда зикр намуд, ки амалӣ намудани чунин қонунҳо дар мамлакат нишонаи он аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тарбияи дурусти наврасону ҷавонони кишвар аҳамияти хоса медиҳад. Пас мо бояд дар тарбияи фарзанд ҳамаҷониба масъулиятшинос бошем. Имрӯзҳо дар ҷаҳон ҳизбу ҳаракатҳои зиёде пайдо шудаву ба ҳар роҳу восита ба амнияти ин ё он мамлакат халал ворид намуда, бо истифода аз номи дину мазҳаб чӣ ваҳшониятҳоеро мекунанд. Ин гурӯҳҳо ба ҳар васила бахусус дар замони мо ба воситаи интернет ҷавононро мағзшӯӣ карда, ба гумроҳӣ мекашонанд. Агар фарзанд тарбияи дуруст дошта бошад, ҳеҷ гоҳ ба пайраҳаи чунин роҳи ғалат намеравад, гуфт номбурда.

Дар рафти вохӯрӣ Аҳмад Ҳакимзода, корманди Шӯъбаи КДАМ-и ноҳия низ ба сухан баромада, доир ба тарбияи дурусти ҷавонон, истифодаи телефони мобилӣ бахусус интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф зад. Ӯ гуфт, ки интернет як равзанаи бемаҳдуд аст. Истифодаи дурусти он касро оқил ва нодуруст истифода бурдани он касро ба корҳои ҷиноятӣ ва ҳатто паси панҷара мебарад. Инчунин, доир ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, назорати фарзандон аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб ва дигар масъалаҳои муҳим муфассал баромад намуд.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриву мулоқотҳо дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ идома дорад.

Саидвоҳиди Қосим