НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛӢ

0
3

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар он Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Неъматулло Иброҳим, намояндаи МИҲД вилояти Суғд Нодири Шермуҳаммад ва сокинони касбу кори гуногун дар ноҳия иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, нахуст Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода кулли сокинони ноҳияро ба истиқболи 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки Истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарафманди тоҷик ба даст омад. Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳо моҳирона истифода бурда, ба қадру манзалати он расем ва истиқлолу озодиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Неъматулло Иброҳим номаи табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт, ки давоми 32 соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон–Тоҷикистон дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ ва гӯшаву канори мамлакати азизамон, аз ҷумла, дар Кӯҳистони Мастчоҳ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд, ки ин ҳама аз самараи Истиқлолият ва озодии кишвари азизамон–Тоҷикистон мебошад.

Сипас, намояндаи МИҲД вилояти Суғд Нодири Шермуҳаммад номаи табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони истиқлолият буда, соли 1996 бо ташаббусу иқдоми созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Ҳамасола дар ҳар як деҳаи он иншооти наву замонавии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва муассисаҳои нави таълимию тандурустӣ бо шароитҳои муосири тадрису таълим ва хизматрасонӣ бунёд гардида, боиси пешрафту шукуфоии рўзгори сокинони минтақа гардидааст. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бозгӯи он аст, ки низоми давлатдории мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи пешрафту гулгулшукуфоӣ қарор дошта, дар оянда низ корҳои ободонию созандагӣ боз ҳам густариш меёбанд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони ноҳия бо суруду таронаҳои дилошӯб дар васфи Ватан, модар ва таронаҳои рақсӣ табъи ҳозиринро болида намуданд.