Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҳамаи мардуми шарифи ноҳияро ба ҷашни муқаддасу мӯътабар–32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаву сидқан табрик мегӯям.
Сию ду сол муқаддам дар кишвари азизу маҳбуби мо рӯйдоди таърихие ба вуқӯъ омад, ки он дар тақдири мардуми сарзамини кӯҳанбунёд ва аҷдодии мо таҳаввулоти куллӣ ва бунёдӣ ба вуҷуд овард. Нӯҳуми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон боз як давлати ҷавон–Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуда, ин рӯйдоди таърихӣ башорати оғози марҳилаи наву тоза дар ҳаёти миллати тоҷик гардид.
Истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарафманди тоҷик ба даст омад. Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳо моҳирона истифода бурда, ба қадру манзалати он расем ва истиқлолу озодиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Барои ободониву гулгушукуфоии ин Ватани биҳиштосоямон кӯшиш намуда, саҳми худро гузорем. Ҳар як шаҳрванди бонангу номусе, ки ояндаи давлат ва миллатро азиз медонад, бояд ба имконияту омилҳои моддии кишварамон такя карда, ба умеди дигарон нашуда, барои ободии Ватани азизамон саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзӣ намояд.
Имрӯз ҳамаи мо шоҳидем, ки аз баракати ин неъмати бебаҳо кишвари соҳибихтиёри мо дар масири се даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва ҳоло ба сӯйи марҳилаи тозаи инкишофи хеш, таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақили худ ва беҳтар намудани зиндагии сокинони меҳани азизамон бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф карда, ба мақоми он арҷ мегузорад ва ташаббусҳои созандаашро ба хотири ҳаллу фасли масоилу мушкилоти гуногуни сайёра дастгирӣ менамояд.
Вақте мо доир ба нақши сарнавиштсози Истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат сухан мегӯем, бояд масъалаи сарҷамъиву иттиҳод, Ваҳдати миллӣ, инчунин, аҳамият ва зарурати ҳифзи ин неъмати ниҳоят муқаддаси халқамонро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем.
Бақои миллат ва иқтидори давлат аз пойдориву устувории сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву Ваҳдати миллӣ вобаста аст ва дарки ҳамин арзиши ҳаёти миллати бостонии моро дар раванди рӯйдодҳои фоҷиабори ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ аз парокандагиву пошхӯрӣ эмин нигоҳ дошт.
Имрӯз ҳар як шахси ватандӯстро зарур аст аз ин неъмати бебаҳои Истиқлолият босамар истифода бурда, дар тарбияи насли наврас ва азхудкунии дониш ва омӯзонидани насли наврасу ҷавон ба техникаву технологияҳои наву замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тундравӣ ва таассубу тахрибкорӣ ба тафаккури мардуми мо бахусус, наврасону ҷавонон нуфуз пайдо кунанд, зеро сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами Истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди мунтазаму устувори давлати тоҷикон мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти давраи ҷаҳонишавӣ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст, ки пайгирона вусъат бахшидани ислоҳот, таъмини самаранокии татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи шаҳрвандони мамлакат вазифаҳои асосии ин давраи рушд мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Имрӯз ба таърихи сиюдусолагии навини хеш назар андӯхта, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мо дар ин муддат бо татбиқи нақшаву барномаҳои созандаамон дар роҳи эъмори Тоҷикистони нав ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, аз захираву имкониятҳои дар ихтиёр доштаамон оқилонаву самаранок истифода намоем, сарфаю сариштакор бошем, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани илму дониш, худогоҳӣ, худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намоем.
Боиси ифтихор аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар даврони Истиқлолияти кишвар бо меҳнату ҷасорати қавӣ софдилонаву содиқона меҳнат намуда, тавонистанд дар фосилаи начандон зиёд кишвари азизамонро ба як Ватани ободу пешрафта табдил диҳанд. Ин боис гардид, ки ҳамасола дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат пешравиҳои назаррас ба миён омада, моро бори дигар дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намуданд.
Чор ҳадафе, ки дар назди Ҳукумати кишвар дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ гузошта шуда буд, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат марҳала ба марҳала амалӣ шуда истодаанд.
Итминони комил дорем, ки ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат ба қадри соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ, сулҳу субот, оромии ҷомеа ва Ватани маҳбубамон расида, дар таҳкими сулҳу субот ва оромии кишвар саҳми арзишманди худро мегузорад. Истиқлолият, озодии сарзамини озодро чун гавҳари бебаҳо ва неъмати азизу муқаддас эҳтиёт мекунад.
Бигзор ормонҳои волои Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии шоистаи мардуми мо бошанд.
Бори дигар кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори 32-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, рӯзгори осуда, хушбахтиву иқбол ва барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!