НОМАИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ

0
1

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Хонандагони азиз!

Соли равон дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон санаи муҳими таърихӣ, ҷашни миллию муқаддасамон–32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Шумо, омӯзгорону хонандагони азизро ба ин муносибат ва ба  Рӯзи дониш самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаи обод, рӯзгори ободу осуда ва дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳо таманно дорам.

Рушду нумуи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин нуктаро таъкид ва баҳри ҷорӣ намудани усулҳои нави таълиму тарбия пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Аз рӯи ҳисоботи омории бахши маорифи ноҳия дар ҳудуди ноҳия бисту ҳафт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳашт муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, як мактаб-интернат ва ду кӯдакистон амал мекунанд, ки дар онҳо 5639 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон 593 нафарро ташкил медиҳад. Айни замон дар донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ 872 нафар донишҷӯи ноҳия аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд. Соли 2022 тариқи Квотаи Президентӣ 18 нафар донишҷӯ аз ҷумла, 10 нафар писар ва 8 нафар духтар таҳсил доранд.

Соли равон шуруъ аз моҳи сентябр музди маоши омӯзгорон 20 фоиз зиёд гардид, ки ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии омӯзгорон мусоидат мекунад. Аз ин хотир, омӯзгоронро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода, софдилонаю содиқона ба Ватану миллати хеш хизмат намоянд.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди соҳа аз тамоми воситаю имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар самаранок истифода намуда, дар ноҳия бунёди мактабҳои нав, таъмири мактабҳои мавҷуда ва таъмини онҳо бо лавозимоти зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимии ноҳия ҷараён дорад.

Дар Паёми Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омўзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерўи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад. Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод, муаллим ва омўзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурўзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷлили хуршед аст. Касби омўзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ў ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомўзонад.

Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки мову шумо бояд амиқ дарк намоем, ки дар вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳон сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне Истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем. Нагузорем, ки ҳеҷ як фарде ба диёру Ватани орому осудаамон халал ворид намояд. Падару модарон, омӯзгорон, аҳли зиё ва ҳар як фарди ватандӯсту солимфикрро зарур аст, ки гароиши наврасону ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ намоянд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ба ҳамаи омӯзгорону хонандагон Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва ҷашни таърихии миллати тоҷик–32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муборакбод гуфта, ба шумо саодатмандиву саломатӣ, рӯзгори осуда, файзу баракат ва барои азхудкунии илму донишҳои замонавӣ барору комёбӣ орзу менамоям.

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ муборак, омӯзгорону хонандагони азиз!