НОМАИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Ҳамдиёрони азиз!
Иди саиди Қурбон дар рӯзҳое ҷашн гирифта мешавад, ки сокинони ноҳия дар баробари дигар шаҳрвандони кишвар 26 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки поягузори рушду тараққиёт, ба ҳам омадани сокинони Ватанамон арзёбӣ мегардад, бо шукӯҳу шаҳомати беандоза истиқбол намуданд.
Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди сунатии мардуми мусалмони мо мебошад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатию умри бардавом, хонаи обод, дастархони пурфайзу баракат ва оромию осоиши рӯзгорро орзу менамоям.
Яке аз унсурҳои иди Қурбон, анҷом додани маросими қурбонӣ ба ҳисоб меравад. Мову Шумо дар хотир дошта бошем, ки қурбонӣ дар дини ислом як рукни истисноӣ буда, анҷом додани он аз қудрату тавоноии ҳар як шахс вобаста мебошад.
Инчунин ҳангоми баргузории маросиму идҳои миллӣ мо бояд ба таасуб, ҳурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳем, ҳикмати созандагиву ободкорӣ, раҳму шавқат, ҳамдигарфаҳмиву меҳрубонӣ ва кӯмак ба муҳтоҷону камбизоатҳоро аз хотир набарорем.
Боиси хушнудист, ки Сарвари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳо ва созмонҳои мухталифи ҷаҳонӣ фалсафаю тамаддуни исломӣ ва арзишҳои таърихии онро пуштибонӣ намуда, бар зидди ба ҳам муқобилгузории байни динҳо ва тамаддунҳо баромадҳои ҷолиб ва ҳуснангез намудаанд.
Мо бояд имрӯз терроризм ва экстремизмро аз ниқоби динӣ ва сиёсат ҷудо намоем ва нагузорем, ки террористони зархарид ба номи поки ислом доғ ворид кунанд.
Дар кишвари азизамон бо таҷлили иди Қурбон мардум эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ, бародарию баробарӣ ва таҳаммулпазирии инсониро алоқаманд медонанд, ки он асосан ваҳдату ороми ва осӯдагӣ мебошад.
Бинобар он амалӣ намудани фазилатҳои иди Қурбон аз қабили саховатмандиву саховатпешагӣ, дастгирии моддиву маънавии ятимону барҷомондагон маъюбону пиронсолон ва мӯҳтоҷон аз писандидатарин кори савобу хайр мебошад. Яке аз амалҳои хайр, ки маҳз дар Рӯзи иди Қурбон анҷом додани он таъкид гаштааст ин садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.
Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар Рӯзи иди Қурбон анҷом гирад». Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ, инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад. Кӯмак расонидан ба чунин табақаҳои аҳолӣ яке аз аркони муҳими ислом буда, дар ин кори савоб бояд шахсони саховатманду ҳимматбаланд, ба қадри имкони худ саҳмгузор бошанд.
Дар охир ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо куллӣ мардуми шарифи ноҳияро бо фарорасии Иди саиди Қурбон табрику муборакбод гуфта, дар кишвари азизамон сулҳу салоҳ ва ба ҳаряки Шумо рӯзгори орому осӯда, ризқу рузии фаровон ва дастурхони пурфайзу баракатро орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!